Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

ВИДЕО

Мухр

User Rating:  / 0

Аз маводи биринҷӣ сохта шуда, рангаш зардчатоб аст. Шаклаш мудаввар буда, дар як тарафаш дастак мавҷуд аст, ки дар қисмати болоияш сӯрохии 0,8см вуҷуд дорад. Дар тарафи дигараш навиштаҷот баръакс ё ин ки ба таври чаппа сабт гардидааст. Дар канораи он ба тариқи давра «Пунганский сельск: Старшина Радакской волости», дар мобайнаш «Наманганского уъезда Ферган. обл.» навиштаҷот сабт гардидааст.

Ин мӯҳр дар коргузории маъмурияти кишвари Туркистони Империяи Русияи подшоҳӣ, уезду волостҳои вилояти Фарғона истифода мешуд. Аз рӯи гуфтаи супорандаи бозёфт он ба охири асри Х1Х тааллуқ дорад. Дар фонди осорхона маҳфуз аст.

Аз таърихи ҳунари кордсозӣ

User Rating:  / 0

Мо дар назди наслҳои ояндаи халқамон вазифадорем, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва анъанаву суннатҳои аҷдодиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ҳифз кунем, такмил диҳем ва ба мерос гузорем.                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон.

Хуҷанду Истаравшан аз қадимулайём чун шаҳри ҳунармандон шӯҳрат дошт ва вобаста ба касбу кораш ҳар маҳалро бо номҳои заргарон, бофандагон, кандакорон, кулолгарон, мисгарону оҳангарон мешинохтанд. Дар бозорҳо низ растаи алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буд. Дар он ҷо на фақат маҳсулот ба фурӯш гузошта мешуд, балки истеҳсоли онро низ ба роҳ мемонданд.

Гулдӯзиҳо дар тоқиҳои Хуҷанд

User Rating:  / 1

Либос аз қадимулайём ифодагари таъриху маданият, фарҳангу иҷтимоиёт, тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат ва анъанаи мардум буда, дар ҳар маҳал хусусияти хоси худро дорад. Пӯшидани тоқӣ ба сар як ҷузъи либоспӯшии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Тоқӣ кулоҳи махсусест, ки дар Осиёи Миёна ба сар мепӯшанд ва дар ҳамаи давру замон истифода мебурданд. Воҷаи тоқиро арабҳо ва мардуми кӯҳистон, дӯппиро ӯзбекон ва тӯппиро тоҷикони водинишин ва мардуми шимоли Тоҷикистон истифода мебаранд. Дар солҳои 20-уми асри ХХ баъди фаранҷӣ тоқӣ маъмул гардида, занон, мардон ва бачагон онро ба сар мепӯшиданд.

You are here: HomeҚАЛЪАИ ХУҶАНДНИГОРАҲО
Scroll to Top