Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

ВИДЕО

Боғи Камоли Хучандӣ

User Rating:  / 8
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Пеш аз он ки ба боғи Камоли Хучандӣ ворид шавем, боз як нишони дигари маҷмааро мушоҳида мекунем. Дар тарафи рости дарвоза пештар меҳвари сангине сохта шуда буду акнун дар он ҷо гирифтааст, ки асосаш аз мармари сиёҳи чаҳоркунҷа иборат буда, аз нӯҳ қисмат иборат аст ва ба нӯҳ самт ишорат мекунад, ки аз мармари сафед аст. Дар чаҳор самти он ҳарфҳои инглисии S, N, W, E сабт шудааст, ки ҷанубу шимолу ғарбу шарқро ифода мекунад. Дар таҳкурсии меҳвар масофаи байни Хуҷанд ва шаҳрҳои машҳури ҷаҳон сабт гардидааст:

Аз Хуҷанд то Душанбе300 км;

Аз Хуҷанд то Макка3000 км;

 Аз Хуҷанд то Деҳлӣ1450 км;

Аз Хуҷанд то Пекин3500 км;

Аз Хуҷанд то Иркутск2500 км;

Аз Хуҷанд то Остона1125 км;

Аз Хуҷанд то Москва2575 км;

Аз Хуҷанд то Ню-Йорк 10500км;

Вурудгоҳ-дарвозаи даромадгоҳи боғро дар рӯ ба рӯи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, аз паҳлӯи Осорхонаи таърихии вилоят оғоз намудаанд, ки хеле барҳаво буда, чун идомаи Осорхона ва девори қалъа қомат афрохтааст.  Дарвозаи боғ24 метрдарозӣ, 11метру 60см. баландӣ дошта, бошаи сутунҳо, ки ҷузъи меъморӣ ба ҳисоб меравад, аз маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ бино ёфта, аз 16 сутун иборат аст. 8-тои он аз тарафи рост, 8 адади дигар аз тарафи чап ба он шукӯҳу шаҳомати олӣ бахшидаанд.

 Боша ё худ сарсутун дар санъати меъмории қадима ривоҷ ёфта буд. Дар Юнони қадим, Итолиё бошаҳои ионӣ, дорӣ ва коринфӣ роиҷ буданд, дар Ҳиндустон бошаҳо дар сурати Шер ва нилуфар, дар Мисри қадим ба шакли нилуфар оро меёфтанд. Дар Эрони қадим тарҳи сари барзгов доштанд. Дар Осиёи Миёна бошад, чанд навъи боша дида мешуд, ки маъмултаринаш калламуқарнас мебошад. Бошаи сутунҳои чӯбиву сангиро, аксаран аз худи танаи сутуни яклухт мебароварданд ва танаи сутунҳоро чорқира ё шашқира метарошиданд. Бошаи сутунҳои маҳалҳои Тоҷикистон, хоссатан Кӯлобу Бадахшон, Ҳисору Қаротегин, Самарқанду Бухоро, минҷумла Хуҷанди Суғд шакли кӯза ва ё гулдонро доштанд ва бо нақшу нигори зебо оро меёфтанд. Ин сутун ва бошаи он зебогӣ ва ҳашамати нотакрор дорад. Чун аз дарвоза вориди боғ мешавед, пешорӯи шумо гулҳои рангоранги нилуфару лола, ёсуману садбарг ва фаввораҳо менамояд. Растаи васеъи фаввораҳо қариб то Сирдарё тӯл мекашад. Онҳо шомгоҳон чароғон гардида, марғзору гулгаштҳои атрофро равшан мекунанд.

 Ҷӯи Раззоқ, ки дар гузашта аз назди Қалъа ҷорӣ мешуд, аз нав эҳё гардида, бо сангҳои аз дарёи Вахш оварда оро дода шуда, шилдирроси оби ҷӯйбор ва бозии оби фаввораҳо чун мусиқии форам ва гӯшнавоз ба кас ҳаловат мебахшад. Тарамҳои зебои болои ҷӯй ва гулу дарахтон табъро болида месозанд.

 Акнун мегардем ба тарафи чап. Пеши назар хиёбони байни Қалъаи қадимаи Хуҷанд ва дарёи Сир тӯл мекашад, ки сутунҳои баланди чун қандил ороёфтаи барқ ва нахлҳою сарвҳои чун қомати зебосанамҳо бовиқор ба он ҳусни беҳамто бахшида, Моро то мақбараи намодии Камоли Хучандӣ мебаранд. Гунбади нилгуни Мақбараи рамзӣ бо само ҳамранг аст. Аз тарафи рост буттазорону аз тарафи чап гулзорон хиёбонро оростаанду Мақбара шукӯҳу шаҳомати онро садчанд меафзояд. Аз ду ҷониб ҷӯйҳои оби равон ба боғистон таровати дигар мебахшанд. Бурсҳо ва дарахтони ҳамешасабзи арча дар домани деворҳои боқимондаи қалъа чун нишони абадияти ин манзил хурраманд.

 Наздик мешавем ба мақбараи рамзӣ, аммо диққати моро пайкараи навбунёди Хоҷаи бузургвор ба худ ҷалб мекунад, ки аз мағриб гӯё қадамзанон меояд. Ҳайкали барқади Хоҷа Камол шукӯҳи махсус дорад, ки онро пайкарасози ҷавони хуҷандӣ Давронҷон Раҳматов бунёд гузоштааст.

Ин ҳунарвари созанда қаҳрамони беамсолро чунон офарида, ки назари ҳазрати Хоҷа ба тарафи офтоббаро дӯхта шудааст, дасти чап дар сари дил ифодагари уруҷи андеша ва дар дасти рост варақаи навиншошуда, ки барои насли оянда чун армуғон овардааст. Нигоҳи Шайхи бузургвор ба дуродур дӯхта шудааст. Дар  дидагони ӯ ҳам маънии падруд бо дигарон ва ҳам орзуи бозгашту шодии дидор падидор. Сар то пои ҳайкал биринҷӣ ва таҳкурсиаш аз санги хорои сурх аст. Баландиаш7 метрва зерпояаш4,5 метрмебошад. Ҳайкал аз 6 тонна метали биринҷӣ омода гардидааст.

Замоне муҳаққиқи эронӣ Азизи Давлатободӣ гуфта буд: «Камол хуршедест, ки фурӯғаш зери абри фаромӯшӣ монда». Гоҳе ки Камол хуршед аст, ҳеҷ гоҳ зери абру зери домон намемонад. Ва имрӯз фурӯғи шеъри оламгираш домонҳоро пора карда, абрҳоро парешон намуда, аҳли маъниро ба шӯр овардааст ва худ пайғамбарона мегӯяд:

Пора созанд, аҳли маъни ҷомаҳо бар тан, Камол

Гар бихонад ҳафтбайти ту ғазалхоне дуруст.

 Бо ҳидояту раҳнамоии адабпарваронаи Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солгарди мубораки иди Наврӯзи байналхалқӣ бозгашти маънавии шоири ғазалсаро, андалеби Хуҷанд Хоҷа Камол ба вуқӯъ омад. Ин орзуе буд, ки танҳо ба шарофати Истиқлолият, ба шарофати Пешвои тоҷикон амалӣ гардид. Хоки муқаддас аз марқади шоир шаҳри Табрез бо ибтикори Раиси мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо якҷоягии Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона ва аҳли зиё оварда шуд. Ин мақбара ва як каф хоки шоире ки орзуманди диёри хешу ёрони хеш буд, ба зиёратгоҳи мӯҳташам табдил ёфтаву ҳар рӯз ҳазорҳо тамошогарон ба диданаш меоянд. Тамошобинон аз дидани назокату латофати нақшу нигор серӣ надоранд. Ҷилои рангҳо бинандаро тасхир менамояд. Имрӯзҳо  садҳо меҳмонони ватаниву хориҷӣ, пиру барно бозгашти Шайхи бузургворро шодбошӣ менамоянд, оятҳо аз Қуръони карим қироат намуда, савобу самараи онро ба рӯҳи пурфутӯҳи шоир мебахшанд. Ин мақбара намунаи волои санъати меъморӣ, кандакорӣ, наққошӣ мебошад. Гумбази болои мақбара, сутунҳои гирду атрофии он бо сангҳои хоро, ки аз мамлакати мардумии Чин оварда шуда, тақрибан 100 тоннаро ташкил медиҳад оро ёфтааст. Зеббахши зери мақбара сангҳои хорои маҳаллӣ аст.

 Айвонҳои боҳашамати кандакоришуда яке аз  нодираҳои беназири маҷмаа ба ҳисоб мераванд. Ин се айвонро дастони устоҳои мӯъҷизаофари Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара кандакорӣ кардаанд ва бинандаро  ҳар нақшу нигори зебои он тасхир мекунад, ангушти ҳайрат мегазад. Обшорони паси айвонҳо, ки ба дарозии 150 метр тӯл кашидаанд ва дар бунёди он сангҳои сиёҳ, сурх, сафеди аз ноҳияи Ашт ва шаҳраки Адрасмон оварда истифода шудааст, табъи бинанда ва сайёҳонро болида месозад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeҚАЛЪАИ ХУҶАНДБОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Scroll to Top