Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

Иброҳимов Иброҳим Сангинович

User Rating:  / 2

Иброҳимов Иброҳим СангиновичОмири кулл:

Иброҳимов Иброҳим Сангинович 14 августи соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Падараш Иброҳимов Сангин соли таваллуд 1911 миллаташ тоҷик, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маҷрӯҳи дараҷаи II соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд вафот кардааст. 

Модараш Пӯлотова Тӯтинисо соли таваллуд 1924 миллаташ тоҷик, коргарзани фабрикаи дӯзандагӣ. Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Шодибеков Абдусалом Қурбонович

User Rating:  / 0

Шодибеков Абдусалом Қурбонович Ҷонишини аввали омири кулл-директори боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ:

Шодибеков Абдусалом Қурбонович 7 июли соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1971 ба мактаби миёна дохил гардида онро соли 1981 ба итмом расонидааст. Соли 1981 ба совхоз техникуми ба номи Ленин дохил шуда, соҳиби маълумоти миёнаи махсус мегардад. фаъолияти меҳнатии худро аз совхози Қизил Юлдуз оғоз намудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Бойматов Мансур Тошматович

User Rating:  / 0

Ҷонишини омири кулл – директории Осорхонаи таърихӣ:

Бойматов Мансур Тошматович 27 декабри соли 1961 дар оилаи хизматчӣ тавлид гардидааст. Соли 1979 пас аз хатми мактаби миёнаи № 15 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд факултаи таъриху филология шӯъбаи таърих дохил мешавад. Пас аз соҳиби маълумоти олӣ гардидан, фаъолияти меҳнатии худро аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод ҳамчун мудири шӯъбаи таърихи давраи шӯравӣ оғоз менамояд. Солҳои 1996-2012 соҳибкори инфиродӣ. Аз моҳи январи соли 2012 ҳамчун мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз 20 январи соли 2013 Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд.

Оиладор соҳиби чор фарзанд.

You are here: HomeМАЪМУРИЯТ
Scroll to Top