Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

ВИДЕО

Иброҳимов Иброҳим Сангинович

User Rating:  / 9
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Иброҳимов Иброҳим СангиновичОмири кулл:

Иброҳимов Иброҳим Сангинович 14 августи соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Падараш Иброҳимов Сангин соли таваллуд 1911 миллаташ тоҷик, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маҷрӯҳи дараҷаи II соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд вафот кардааст. 

Модараш Пӯлотова Тӯтинисо соли таваллуд 1924 миллаташ тоҷик, коргарзани фабрикаи дӯзандагӣ. Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Иброҳимов Иброҳим соли 1967 ба мактаби миёнаи №5-и шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1977 ба итмом расонидааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар фабрикаи мебелбарории шаҳр ба сифати коргар оғоз намудааст. Соли 1978 бо роҳхати коргоҳ ба Донишкадаи лесотехникии шаҳри Лҳвови Ҷумҳурии Украина дохил гардида, онро соли 1983 хатм менамояд ва соҳиби маълумоти олӣ мегардад. Сипас ба коргоҳи мебелбарорӣ баргашта дар вазифаҳои устои сехи истеҳсолӣ, муҳандис-технологи сехи №1, муҳандис-технологи сехи истеҳсолӣ, сартехнологи фабрика, сардори сехи маҳсулоттайёркунӣ, сардори шӯъбаи техникӣ фаъолият менамояд. Хидматҳои самараноки ӯро ба назар гирифта, соли 1987 ба вазифаи инструктори шӯъбаи саноат ва нақлиёти кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунист таъин менамоянд ва соли 1988 котиби аввали кумитаи шаҳрии комсомол интихоб мегардад. Аз соли 1990 то соли 1992 ҳамчун мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби комитети марказии комсомол, ҷонишини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон адои вазифа менамояд.  Соли 1992 котиби дуввум ва котиби аввали кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунист дар шаҳри Хуҷанд, соли 1995 Депутати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1995 ҷонишини Раиси шаҳри Хуҷанд ва аз соли 1997 Раиси шаҳри Чкаловск таъин мегардад. Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 2003 ҳамчун Директории корхонаи воҳидии муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа «Тоҷикхориҷакор»-и вилояти Суғд идома ёфта, аз соли 2007 Директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ММК-Чкаловск» буд. Моҳи апрели соли 2010 ба вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд таъин мегардад. Аз соли 1999 аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон. Солҳои 2000-2005 депутати Маҷлиси вилоятӣ. Соли 2010 депутати шаҳри Чкаловск.

Аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум. Аз моҳи сентябри соли 2009 шаҳрванди Фахрии шаҳри Чкаловск.

Аз 30 июли соли 2015 Омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» таъин гардидааст.

Оиладор. Соҳиби се фарзанд ва нуҳ набера аст.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeМАЪМУРИЯТИброҳимов Иброҳим Сангинович
Scroll to Top