Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи анъанаҳои миллӣ ҳавлии Камол бо сарҳавз ва дарахтони сояафкани сиёҳбед, чорбоғ бо дарахтони зардолу, шафтолу, бодом, гелос, анор ва токҳои ангури ҳусайнӣ, тагобӣ, чарас, бедона, дили кафтар бунёд гаштааст. Бояд зикр намуд, ки дар гирди сарҳавз шинонидани сиёҳбед хоси ҳамин маҳал буда, он хосияти рӯҳнавозӣ дорад ва барои аз намӣ ва  шӯрӣ эмин нигоҳ доштани хонаю биноҳо мусоидат мекунад.

Санъати кандакорӣ, наққошӣ ва меъморӣ ҳунари волои ниёгон буда, он имрӯз идома дорад ва дар хонаҳои ҳавлии Камоли Хуҷандӣ таҷассум ёфта, бинандаро бо санъати қадимаи хонасозии тоҷикон ошно месозад. Тибқи анъана ҳавлӣ ба ду қисм тақсим мешавад: аввал ҳавлии беруна, қисми мардона мешавад, ки аз меҳмонхонаи зимистонаю тобистона, хонақоҳ, ё худ тадрисгоҳ иборат мебошад. Чун шахс ба дарвоза наздик мешавад аз рӯи таомули тоҷикон ҳалқа бар дар мезанад. Агар меҳмон мард бошад, даст ба занҷири дарозрӯя бурда садо медиҳад. Ҳамзамон агар мардина дар ҳавлӣ набошад, соҳиби ҳавлӣ, бо садои занҷир ҷавоб медиҳад ё канизак мардина нест мегӯяд. Агар дар ҳавлӣ мардина набошад даромадани марди  бегона манъ буд. Агар меҳмон зан бошад, ҳалқаи доирашаклро мекӯбад. Меҳмон чун ба ҳавлӣ ворид мешавад, даст шуста ба меҳмонхона медарояд. Утоқи воридотии меҳмонхона, ки ба сифати пайгаҳ хидмат менамуд, «даҳлез» ном дошт. Дар даҳлез обрез ва оташдон бо дудкаш – «мӯрӣ» вуҷуд дорад, ки вурудгоҳи хонаи калонро ифода менамояд.

Хонаҳо намунаи санъати меъморӣ маҳсуб мешавад ва калону хурдии хонаро аз рӯи болор муайян мекунанд. Дар Осиёи Миёна мувофиқи анъанаҳои меъмории қадимаи мардум устоҳо андозаи  хонаҳои истиқоматиро аз рӯйи шумораи болор муайян мекарданд, зеро болор ҷузъи асосии меъморӣ буда, барои пӯшидани биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, маданӣ ва сохтмони пулҳо истифода мешавад. Андоза, шакл ва миқдори болор вобаста ба ҷой ва мавқеи истифодаи он муайян мегардад. Хонаҳо 7-9 ё 11 болора мешаванд. Дар рӯй ва гоҳо ду паҳлӯи болор наққошӣ ё кандакорӣ карда мешуданд. Аслан дар меъмории биноҳо болорҳои чӯбин ба кор меоянд. Навъи болор гуногун буда, лӯлаболор, чорлабболор,баъзан болори чоррах ё чортарош, болори пушти моҳӣ васеъ истифода мешуданд.

 Наққошон болорҳоро бо нақшҳои зебо, бештар ислимӣ зиннат медоданд. Дар баъзе маҳалҳо рӯи болорҳо бо таърих, исми наққош ё наҷҷор бо хати арабӣ ва дигар нақшҳои рамзӣ ҳаккокӣ мешуданд. Дар меҳмонхонаи ҳавлии Хоҷа Камол болори нақшин бо вассаҷуфти наққошикардашуда истифода шудааст. Дар кори ороиши хонаҳо рассомони касбӣ Абдувосит Абдураҳмонов, Шарифҷон Ҳикматов, Рустам Ҷалолов ва як гурӯҳ шогирдони дигар ширкат варзиданд.

 Банд навъи нақшест дар санъати амаливу ороишӣ ва тасвирӣ. Лекин хати морпеч аз навъи нақши ислимӣ мебошад. Банд ба бандҳои печ дар печ шабоҳат дорад. Баъзан якка ва гоҳо печ дар печ омада ҳошияро оро медиҳанд. Мо ин навъи санъатро дар болорҳои меҳмонхона дида метавонем.

Дигар намуди санъат, ки дар инҷо истифода шудааст санъати гаҷкорӣ аст. Гаҷкорӣ навъи маъмулии санъати ороишиву амалӣ ҳисоб шуда, дар пардози бино истифода мешавад ва таърихи дуру дароз дошта ба қарни асрҳо меравад. Гаҷ масолеҳи меъморӣ буда, дар сохтмони биноҳои маданӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ ба кор меравад. Гаҷро дар натиҷаи сӯзонидани як навъи санги сафеди нарм, ки дар таркибаш гаҷ ва гил мавҷуд аст ба даст меоранд. Дар меҳмонхона гаҷкорӣ дар тоқчаҳо, таҳмону таҳмонча, гирди мӯрӣ дида мешавад. Миниатурнигорон дар асрҳои миёна ҳатто мавҷи дарёро дар нусхаи нақшии гаҷ мекарданд, ки инро мо дар меҳмонхонаи баҳоронаи хонаи Камол дида метавонем. Дар ин меҳмонхона ҳамаи намудҳои санъат, ки дар асри ҶIV-ҶV маъмул буд, наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, гиреҳбандӣ ба таври имрӯза ба назар мерасад.

 Ҷиҳози асосии хонаҳо қолинҳо-гилемҳо, болинҳо ва кӯрпачаҳо маҳсуб меёбанд. Одатан дар баъзе хонаҳои мардуми тоҷик асбобҳои мусиқӣ ба монанди: танбӯр, най, доира, ғиҷҷак нигоҳ дошта мешуданд, ки дар вақти истироҳату фароғат истифода мебурданд.

 Меҳмонхона бо токчаҳо ва таҳмон барои гузоштани сандуқ, кӯрпаю кӯрпачаҳо ва ашёҳои рӯзгор ба мисли косаҳо, табақҳо, обдастаю офтобаҳои гилину мисин оро дода шудааст. Дар ҳамаи хонаҳо гилемҳои дастибофт густурда шудаанд.

 Осори меъмории зиннатӣ ва эминӣ бо номи «пешайвон» бо силсилаи сутунҳои кандакорӣ ва сақфҳои нақшин ҳусну зебоии иморатро афзун менамояд. Ҳотамкории нодири девори хонаҳо иҷрои нақши меҳроб ном дорад.

 Агар соҳиби ҳавли шахси босавод ва аҳли илм бошад, дар он ҳавли тадрисгоҳ ҳам мешуд. Ин тадрисгоҳ бо риояи тамоми унсурҳо, бо қасаба, ҳавзак сохта шудааст. Дар тоқчаҳо асарҳои Бедил, Ҳофиз, Туғрал, Аттор, Фузулӣ ва дигар шоирон гузошта шудааст.

 Дар ин макон дар баробари наққошӣ ва гаҷкорӣ санъати кандакорӣ васеъ истифода шудааст. Мо онро дар пардаи тиреза, дари хонаҳо айвон, пештоқи айвон ва дари баромад ба чорбоғ дида метавонем.

 Ҳавлии дарун барои аҳли хонавода, занҳо ва бачагон таъин шудааст. Он аз хонаҳои истиқоматии меҳмонхона-шабистон, коргоҳ, анборхона, айвони баҳору тирамоҳнишин иборат мебошад.

Меҳмонхона- шабистон дар қисмати дарун ҷойгир шуда, аз ду қисм, хобгоҳ ва ҷои истироҳатӣ иборат аст. Бештар дар қисмати истироҳатӣ занон ва духтарон ба кашидадӯзӣ, мутолиаи китоб, мушоира ва навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мешуданд. Ин хона низ даҳлез дошта, дар он обрез, оташдон бо мӯрӣ вуҷуд дорад. Токчаҳо бо асбобҳои рӯзгор ба мисли косаҳо, табақҳо, обдастаю офтобаҳои гилину мисин оро ёфтаанд.

Аз рӯи таомул ба ҳавлии дарун даромадани мардина, ҳатто писарбачагони аз 13 сола боло мамнӯъ буд. Дар ин қисмат занон ба тарбияи фарзанд машғул буданд, дӯзандагӣ ва адрасбофӣ мекарданд. Дар ин ҳавлӣ ҳамчун ҳунари меросӣ адрасбофӣ роиҷ буд. Бо дастгоҳи адрасбофӣ матоъҳои хушсифати беқасаб, адрас, подшоҳӣ, алоча бофта мешуданд.

 Аз қадимулайём тоҷикон ба фарҳанги оиладорӣ эътибори хосса медоданд. Бинобар ин дар ҳамаи давру замонҳо озуқаро захира мекарданд. Усули нигоҳдорӣ гуногун: ба таври тару тоза ва хушккунӣ буд. Дар анбори захира дар даруни хумҳо ғалладона, қазӣ, гӯшти хушк, себу анор, биҳию ангур ва харбузаро овехта, хушкмеваҳо дар зарфҳои чӯбин нигоҳ дошта шудаанд.

 Ҳуҷраҳои таъиноташ махсус ба монанди «ошхона», «танӯрхона», «ҳезумхона» дар ҳавлӣ вуҷуд доранд.

 Ошхона-ҷое, ки занҳо хӯрок мепазанд. Дар ин ҷо тамоми ашёҳои зарурии рӯзгор мавҷуданд. Дар назди ошхона, айвон ва кати нишасти кандакоришуда ҷой дода шудааст. Рӯи кат бо гилеми дастибофт ва курпачаҳои адрасу лулаболиштҳо густурда шуда, дар фасли тобистон ҷои нишасти аҳли хонавода ба ҳисоб меравад.

Ҳунар фарҳанги волои оиладорӣ аст. Бо дидани чунин ҷобаҷогузории хонаҳо, матбах ва анбор ё худ хонаи захира ба ҷавонони имрӯза тарзи зиндагии солим, оилаи солим ва меҳнатдӯстиро нишон дода метавонем.

 Аз қадимулайём тоҷикон барои тозагӣ ва обёрӣ аз корез ва чоҳ истифода мебурданд. Оби хонаю ошхонаро бо воситаи қубури сафолини обу ташноб ба корез пайваст мекарданд, ки қубурҳои сафолини аз ҳафриёти бостоншиносӣ ёфт шуда, ки дар осорхонаи таърихии вилоятӣ маҳфуз аст ва ба асрҳои VI-VII, Ҷ-ҶII тааллуқ дорад, шаҳодат медиҳад.

Чоҳи обкашӣ ҷузъи фарҳанги оиладории точикон буда, дар аксарияти ҳавлиҳо, хусусан дар хонаҳои ашрофзодагон вуҷуд доштанд.

Дар қафои ҳавлӣ шипанг ва Чорбоғ бо дарахтони зардолу, ангур, анор, бодом, ки ба муҳити шаҳри Хуҷанд мутобиқ мебошад, бунёд гаштааст. Боғу токпарварӣ дар Суғд аз қадимулайём ҷои намоёнро дар байни соҳаҳои кишоварзӣ ишғол намуда, маҳсулоти он нафақат дар Хуҷанд ва гирду атрофии он балки ба кишварҳои дур тавассути Роҳи бузурги абрешим бурда мешуд, хеле машҳур буду ҳаст.

 Ин маҷмааи навбунёд ифтихори Хуҷанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои маданиву саноатии Тоҷикистони шимолӣ ба шумор меравад. Бо тарҳу намуди нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи Камоли Хуҷандӣ ва ба яке аз мавзеъҳои илмиву адабӣ табдил дода шудани он барои санъаткорон, шоирону нависандагон, аҳли қаламу сухан ва кулли сокинони вилоят армуғони арзанда мебошад.

 Рӯҳи пурфутуҳ ва мубораку мубашшири Камоли Хуҷандӣ баъди ҳафтсад сол дар зодгоҳаш ҷавлон зада, аз ворисонаш хушнуд мебошад, зеро имрӯз Хуҷандаш орому осоишта аст, кӯчаҳои зодгоҳи азизаш гулоғӯш, бӯи гул, насимаш атромез аз сӯи рӯди Сайҳун мевазад. Ва ин бӯй дар як маънӣ алоқаи дилро гӯянд ба олами ҳақиқат ва имрӯз на дили Шайх Камол, балки рӯҳи пурфутӯҳи ӯ, рӯҳи пурбашорати ӯ бо мардуми Хуҷандаш дар алоқа аст. Ва бошад,ки насли имрӯзу ояндаро руҳу арвоҳи чунин бузургон тарбият намоянд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeҚАЛЪАИ ХУҶАНДХОНА-МУЗЕЙ
Scroll to Top