Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

ВИДЕО

Кӯзаи мунаққаши мисин

User Rating:  / 0

Ҳунари аз мис сохтани зарфҳо яке аз касбҳои маъмули тоҷикон ба ҳисоб меравад. Кӯзаи мунаққаши мисин маҳсули ҳунари мисгарӣ аст. Алҳол дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд якчанд намуди маснуоти мисӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад, ки яке аз онҳо кӯза бо дастаи муқарнаси латунӣ ва сарпӯши гумбазшакли нӯгаш қуббадор аст. Дар рӯйи сарпӯш ҳафт ҷойи ҳамвори барҷастаи бо гули чорбарга ва дигар нақшҳо ҳаккокӣ карда шуда мавҷуд аст. Дар қисмати гардана, наварди (валик) барҷастаи ҳалқамонанди гирдак, болотари он нақши растанӣ дар дохили хати чоркунҷа, нақшҳои кунгура, хатҳои дандонадор, тирнок (ноготок) ва нақши гулу растанӣ кашида шудааст. Дар гирдогирди танаи кӯза навиштаҷот бо ҳуруфи арабӣ ва забони ӯзбекӣ ҳаккокӣ гардидаасту дар ду канори ҳошияи уфуқии навиштаҷот нақшу хатҳои гуногуни ҳандасавӣ кандакорӣ карда шудаанд. Он соли 1314 ҳиҷрӣ-1896 мелодӣ аз ҷониби мисгар Алиқории Қӯқандӣ сохта шуда, ба омӯзиши амиқи илмӣ ниёз дорад.

Кӯзаи мунаққаши мисин бо тавсияи комиссияи ташхисии назди маъхази осорхона дар ҷаласаи харидории ашёҳои таърихии№1, аз санаи 25.04.2018 харидорӣ шуда, ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ворид гардидааст.

 

Дастпона

User Rating:  / 0

Дастпона-ашёи зиннатии банди даст. Он аз тилло, нуқра, мис ба шакли ҳалқаи нопайванд ва ё ҳалқаи бо ёрии каҷакҳо васлшаванда тайёр карда мешавад. Дастпонаи нафиси бо марҷон ороёфта дар Бухоро ва дастпонаи сиёҳқалами нақшдор дар Самарқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа маъмул аст. Дастпонаҳо ҳамсафари доимии занони тоҷик буданд.

 Чанде пеш аз ҳудуди ҷамоати Хистеварз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми кофтани чуқурӣ барои таҳкурсии бино маснуоти фулузии дастпонамонанд дарёфт гардид. Он намуди ҳалқаи тофтаро дорад, ки хеле қадима буда, шабеҳи ҳарфи “С” аст. Тарафҳои ду нӯги ин дастпона бо ҳам пайваст нест. Мобайни маснуот ғафстар 3,5 см ва тарафҳои нӯги он бориктар аст. Қутраш 6,5 см буда, байни ду нӯги пайваст нашуда 4 см  аст. Дастпона маснуоти фулузӣ буда, дастӣ сохта шудааст. Он аз ҷониби Икромов Аъзам ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯҳфа гардидааст ва айни ҳол дар махзани осорхона маҳфуз мебошад.

Нигораҳои нодир

User Rating:  / 0

Соли равон ҷиҳати ғанӣ гардонидани маъхази осорхона аз тарафи сокинони вилоят якчанд ашёҳои таърихӣ харидорӣ карда шуда, нодиртаринашон инҳоанд:

Ҳайкалчаи сафолӣ (терракота) ба давраи тоисломӣ, яъне ба асрҳои V-VIII тааллуқ дорад. Аз рӯи ин ҳайкалча акси ҳокимони ҳамон давра муайян карда мешавад. Ин гуна ҳайкалчаҳоро дар Панҷакент дарёфт кардан мумкин аст. Ҳайкалчаи сафолӣ аз Бердиев Оқил – сокини шаҳри Панҷакент харидорӣ карда шудааст.

Тағораи сафолӣ яке аз маҳсули ҳунарҳои кулолгарӣ ба ҳисоб меравад. Тағора ба охири асрҳои XIX ва авали асри XX тааллуқ дошта, асосан барои хамиркунӣ ё ҷомашӯӣ истифода мебурданд.

Чароғи сиёҳро ҷинчароғ, сиёҳчароғ низ мегӯянд, ки як навъи чароғи махсуси сафолӣ мебошад. Он равғандон, нова ва пилта дорад. Чароғи сиёҳро ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои III-II  милодӣ истифода мебурданд. Он минбаъд ҳам то пайдо шудани чароғҳои шишагӣ ва фонуз истифода шудааст.

Ордени “Дӯстии халқҳо” 22 августи соли 1986 барои комёбиҳои иқтисодӣ – маданӣ, саҳмгузорӣ дар ғалабаи Ҷанги бузурги Ватанӣ ва ҷашнгирии 2500 солагии собиқ лениниобод, ҳозира шаҳри Хуҷанд бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст, ки аз бойгонии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд дастрас гардидааст.

You are here: HomeҚАЛЪАИ ХУҶАНДНИГОРАҲО
Scroll to Top