Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ТАБАҚАТАРОШӢ – ҲУНАРИ АСИЛИ МАРДУМИ ТОҶИК

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Табақатарошӣ навъи ҳунарест, ки ба соҳаи чӯбкорӣ алоқаманд аст. Ин ҳунар яке аз ҳунарҳои машҳури мардуми тоҷик мебошад. Худи табақ зарфест, ки дар он таом тановул менамоянд. Дар аксар маврид барои тановули хӯрокҳои қурутоб, шакароб, оши угро ва баъзан оши палав истифода мешавад. Табақҳо аз ҷиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд, паҳн ё чуқур мешаванд. Бозёфтҳои бостоншиносон собит менамояд, ки анвои гуногуни табақ (хусусан табақи чӯбӣ) ҳанӯз аз замонҳои қадим (аз охирҳои асри XVIII ва XIX) то инҷониб маъмул мебошад.

Табақи чӯбин асосан дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубӣ Тоҷикистон, то ҳол хеле маъмул аст. Табақи чӯбинро дар асбобҳои махсус ё ба даст метарошиданд. Барои табақатарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор, зарбед истифода мешавад.

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бисёр нигораҳои аз чӯб сохташуда, аз ҷумла тағораи чубин, табақи чӯбин, косаву кафлези чӯбин ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешаванд. Яке аз он табақи чӯбини кандакорӣ кардашуда дар китоби воридотӣ таҳти рақами 135/2 маҳфуз мебошад.

Табақи чӯбини кандакорӣ кардашуда, ба асри XIX тааллуқ дорад, ки дар экспозитсияи таҳти мавзӯи “Маданият, илм ва адабиёти асри XIX ва ибтидои асри XX” ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин табақ ҳунарманд ҳунари волои худро нишон додааст, ки дар маркази табақ рамзи офтоб ва гирдогирди он гулу баргҳо ва буттаҳо кандакорӣ карда шуддаст. Қутри табақ 44 см-ро, ташкил медиҳад. Табақ соли 1972 аз тарафи сокини шаҳри Истаравшан Ҳакимова Раҳбар харидори гардида ба фонди осорхона ворид карда шудааст.

Муродҷони Шовазир - роҳбалад

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТАБАҚАТАРОШӢ – ҲУНАРИ АСИЛИ МАРДУМИ ТОҶИК
Scroll to Top