Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кулута - як навъи сарпӯши қадимаи занона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кулута - як навъи сарпӯши қадимаи занона

  Кулута як навъи сарпӯши занона буда, ба монанди кулоҳ мебошад. Кулутаро асосан занони калонсол ба сар мепӯшиданд. Он дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон аввалҳои асрҳои миёна баробари кулоҳ расм шудааст. Кулута абраю астар дорад ва баъзан ба даруни он як қабат пахтаи тунук гузошта медӯхтанд. Дӯхташ мураккаб ва гуногун мебошад. Кулутаро асосан дар саргаҳи Зарафшон, водии Ҳисор, Варзоб, Қаротегин занон ба сар мепӯшиданд. Ҳоло ҳам дар ноҳияҳои  кӯҳии ҷумҳурӣ кулута бо номи шабкулак, шавкулак маъмул аст.  Дар ин ҷойҳо шерозаи кулута аз матои нисбатан зебо дӯхта мешуд.  Қисми  пешашро аз матои абрешим ва қисми қафояш аз дигар матоъ  дӯхта мешуд. Дар давраҳои қадим кулутаҳои гумбазшакл ва гирдак бештар маъмул буданд. 

  Дар фонди  Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД Муассисаи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намуди гуногуни кулута мавҷуд аст. Яке аз он кулутаҳо   тепааш тоқимонанди гумбазшакл буда, дар қафояш матои дароз дорад, ки ба тоқӣ ҳамроҳ карда шудааст. Гулҳои он ба таври буттаҳо дӯхта шуда, гирдогирдаш шероза доранд. Нақши гулбуттаҳо дар даруни ромбшакл ба таври зардӯзӣ дӯхта шудаанд.

Хоҷаева М – мудири шуъбаи

таърихи давраи муосири

МД МФТ “Қалъаи Худҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКулута - як навъи сарпӯши қадимаи занона
Scroll to Top