Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хазинаи Амударё

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Хазинаи Амударё як пораи таърихи фаромӯшгаштаи аҳди қадими тоҷикон  буда, аз ҳазорсолаҳо ба мо паём овардааст. Дар бобати ин бозёфти мӯъҷизаангез ва нодири таърихӣ дар сар то сари олам садҳо гузоришу мақолаҳои илмӣ ва асарҳои тадқиқотӣ ба чоп расидаанд. Хазинаи Амударё хазинаест иборат аз 1300 сикка, 176 ашёи нуқрагӣ ва тилоӣ. Онро соли 1877 дар ҷои резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба дарёи Ому, наздикии Тахти Сангин ёфтаанд. Кашшофони Хазинаи Амударё тамоми осорро ба тоҷирони бухороӣ, ки роҳи Ҳиндро пеш гирифта буданд, фурӯхтанд. Дар роҳ тоҷиронро роҳзанон ғорат карданд, вале як қисм ашёи Хазинаи Амударё бо кӯшиши марзбонони англис бо роҳбарии Ф.Бартон наҷот дода шуд. Қисми дигарро мансабдорони ҳукумати мустамликадории англис дар бозорҳои Равалпинди харидаанд ва тамоми Хазинаи Амударё ба Музейи Британия супорида шуд, ки то ҳол дар он ҷо маҳфуз аст. Хазинаи Амударё дар давоми сад сол аз ҳудуди Британия бароварда нашудааст, танҳо соли 1977 дар Маскав, Ленинград ва Киев бори нахуст берун аз кишвар ба намоиш гузошта шудаанд. Навтарин сиккаи Хазинаи Амударё ба соли 200 то милод буда, дигар осори тилоӣ ва нуқрагӣ, аз ҷумла зарф, ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо, медалёнҳо ва гемма (ҷавоҳироти ҳаққоқишуда) – ҳои олиҷаноб ба асрҳои IV – II то милод мутааллиқ мебошанд. Дар осори Хазинаи Амударё анъанаҳои санъати даврони Ҳахоманишиён, санъати маҳаллии юнонии бохтарӣ ва санъат бо ном “услуби ҳайвонот”- и скифӣ, ки ба олами бодиянишинон, аз ҷумла бодиянишинони даштҳои Осиёи Миёна вобаста аст, акс ёфтаанд. Тавсифи баъзе ашёи Хазинаи Амударё бад-ин қарор аст: ду дастпонаи калони рехтаи тилоӣ, ки нӯгҳояшон ба шакли ҳайвонҳои тахайюлӣ сохта шудаанд. Ҳайвонҳо тани болдори шер, сари парандаи соҳибчангол, шохҳои буз ва гӯшҳои аспро доранд. Дар бадан, болҳо гардан, сар ва шоҳҳои онҳо барои нигинҳои сершумор лонаҳо ҳастанд. Ин дастпонаҳо аз рӯи шакл. Услуб ва тарзи сохт ба санъати давраи Ҳахоманишиён хос буда, ба асри V миёнаи асри IV то милод мансубанд. Адади тавқҳои тилоӣ дар дастпонаҳои печон, ки нӯгҳояшон ба сари ҳайвонҳои даранда, мор, паранда, ғизолон ва ғайра сохта шудаанд, зиёд аст. Ду нӯги як ҷуфт даспонаи печон ба шакли сари ҳайвони даранда, ки шояд шери болдор бошад, сохта шудаанд. Дастпонаҳо ба нимаи дуввуми асри III то милод мутааллиқанд. Заркӯби ғилофи ханҷар аз ду паҳлӯи қисми болоӣ барҷастагиҳои нимдоира дорад. Рӯи ғилоф бо тасвири барҷастаи саҳнаи шикори шерҳо оро ёфтааст. Шерҳо, шикорчиёни савора, аспҳо, парандаҳо, морон ва дигар моҳирона тасвир шудаанд. Ғилоф дар охири асри VII миёнаи асри VI то милод сохта шудааст. Дар Хазинаи Амударё якчанд амсилаи аробаҳои дучарха ҳаст, ки яке аз онҳо қариб солим боқӣ мондааст. Ин аробаро чор асп мекашиданд. Амсилаи ароба ба асрҳои V-IV то милод мансуб аст. Адади тасвири ҳайвоноту парандагони гуногун ва гемаҳое, ки сифати баланди бадеӣ доранд, хеле фаровон аст. Хазинаи Амударё, ки зиёда аз сад сол мавриди баҳси олимон аст, аҳамияти бузурги илмӣ дорад ва дар бораи дараҷаи баланди тараққиёти маданияти аҷдоди халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

М.Мамадҷонова - мудири шуъбаи таърихи

МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд" 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХазинаи Амударё
Scroll to Top