Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сандалӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сандалӣ

  Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то имрӯз дар фаслҳои сармо барои гармшавӣ аз сандалӣ истифода мебаранд. Сандалӣ яке аз воситаҳои гармшавӣ ба шумор рафта, он  бештар аз чӯби дарахтони чормағз, зардолу, арча ва ё аз дарахти тут сохта мешавад. Шакли он – як мизи хурд ва пасте, ки дар фасли зимистон ба рӯйи чаҳлак ё аловдон мегузоранду ба атрофаш мешинанд.

  Сандалӣ дар байни тоҷикон аз асрҳои миёна маъмул аст. Он шаклан мураббаъ (70х70см) буда, (60х70см) баландӣ дорад. Дар қисми поёнии пойҳои сандалӣ барои пойҳоро гузошта нишастан, тахтачаҳоро ба шакли чиллик мустаҳкам мекунанд, ки онро “гурбадавак” меноманд. Дар баъзе ноҳияҳо ба қисми болоии пояҳои сандалӣ тахтачаҳоро тарзе пайваст мекунанд, ки барои зарфи хӯрокдор гузоштан мувофиқ буда, “ошмонак” ном дорад. Ба алавдон лахчаи ангишт ё лахчаи хезум мегузоранд.  Ба суфачаҳои алавдон оташкоб, оташгирак, кӯза, чойҷӯш чойнаки об гузоштан мумкин аст. Ба болои сандалӣ кӯрпа партофта пойҳои худро ба даруни он дароз карда, дар атрофаш бо либосҳои гарм мешинанд. Сандалӣ ҳамзамон вазифаи мизро ҳам иҷро мекунад, ба болояш дастурхон густурда таъом мехӯранд. Дар тамоми деҳаю ноҳияҳои Тоҷикистон то ҳол аз сандалӣ истифода мебаранд.

  Соли 2015 бо ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Камоли Хуҷандӣ Хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ ифтитоҳ ёфт. Бо баробари таҷҳизонидани хонаҳо сандалиҳо низ ба намоиш гузошта шуд. Яъне меҳнононро аз тарзи гармшавии ниёгони тоҷикон бохабар мекунад. Сандалие, ки дар қисми ҳавлии берун дар хонаи зимистонаи мардона гузошта шудааст, он аз шаҳрванди шаҳри Хуҷанд истиқоаткунандаи мкр 34 хонаи  29 ҳуҷраи 54 усто Ӯктамҷон Саидов буда, вақти дар ҳаёт буданашон сандалиро  ройгон ба осорхона тӯҳфа карда буданд. Аз гуфти усто Ӯктамҷон сандалиро дар вақти ҷавонӣ  яъне дар синни 25-26 солагӣ сохта буданд.

  Сайёҳоне, ки аз Хона-музей дидан мекунанд, диққаташон бештар ба сандалӣ ҷалб мешавад. Меҳмонон бо роҳбалад оиди истифодабарӣ ва таърихи  он бисёр гуфту шунид мекунанд. Меҳмонони ташрифоварда аз маълумотҳои пурмӯҳтаво ҳаловат бурда, бо руҳияи тоза сайрашонро идома медиҳанд.

 

Тошматова Т - роҳбалади

Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСандалӣ
Scroll to Top