Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мошинаи чопӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Мошинаи чопӣ дар асри ХХ дар байни омма ҷорӣ шуда, он як ҷузъи асосии рӯйи мизии нависандагон, шоирон, устодону кормандони давлат ва ғайра ба ҳисоб мерафт. Мошинаи чопи дар асрҳои Х1Х-ХХ мисли компютер ва принтери имрӯза барои зуд чоп кардани матнҳо истифода бурда мешуд. Чун дигар таҷҳизотҳо ва ихтироҳои техникӣ, мошинаи чопи низ ихтирои як нафар нест. Аввалин маротиба мошинаи чопиро соли 1714 ба маликаи англис Анна Генри тӯҳфа карда буданд (мутаасифона ихтироъкор ва номи мошина маълум нест). Бо ҳамин тақрибан баъд аз 100 сол одамон  барои зуд чопкунии матн шавқу рағбати зиёд пайдо карданд. Дар соли 1808 ихтирокори машҳур Пеллегрино Турри аввалин мошинаи чопии худро ба омма пешниҳод кард. Аввалин мошинаи чопӣ дар ИҶШС соли 1928 дар ш.Қазон аз тарафи муҳандис Аскар Шейхгали  бо номи «Яналиф» ихтироъ карда шуда буд. Баъдан ихтирокорон ва муҳандисони дигар  низ то охирҳои асри ХХ якчанд намуди мошинаи чопӣ бо номҳои « Оптима», «Роботрон», «Эрика», «Украина», «Башкирия», «Москва», «Любава» ва «Ятран», «UNIS tbm de lux» ва ғайраро ихтироъ карданд…

  Ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  моҳи октябри соли қаблӣ аз сокини ш.Хуҷанд, кӯч.А.Шукӯҳӣ 1, Негматова Маҳбуба ҳамсари академик Н.Негматов, мошинаи чопӣ ва якчанд маколаҳои бо воситаи ин мошина чоп кардашуда дастрас гардидааст. Аз рӯи гуфтаҳои супорандаи ашё, мошинаи чопӣ ба бостоншинос, академик ва устоди илми таърих Нӯъмон Негматов тааллуқ доштааст. Мошинаи чопии мазкур тамғаи  «Erika» дошта, холаташ хуб мебошад. Ин мошина яке аз асбоби асосии рӯи мизи кории устод ба ҳисоб мерафт. Бо воситаи ин мошинаи чопӣ устод Н.Негматов ҳамаи мақолаю корҳои илмӣ ва ҳисоботҳои ҳафриётҳои гузаронидаи худро чоп мекарданд. Ба ғайр аз ин боз якчанд намуди мошинаи чопӣ дар коллексияи фонди осорхона маҳфуз буда, дар оянда ба намоиш гузошта мешавад.  

Пӯлотова Нигора

корманди илмии

шӯъбаи таърих

МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМошинаи чопӣ
Scroll to Top