Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Шабистони нукот»-и Фаттоҳии Нишопурӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  «Шабистони нукот ва Гулистони луғот» ё «Шабистони хаёл» – яке аз асарҳои машҳури насрии фалсафию ахлоқии маҳсуб меёбад. Асари мазкур соли 1440 аз тарафи шоир, нависанда ва хаттоти маъруфи авохири асри XIV ибтидои асри XV Мавлоно Яҳёи Себак Фаттоҳии Нишопурӣ таълиф шудааст. Шабистони нукот дар пайрави «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст. «Шабистони нукот» аз муқаддима, ҳашт боб (ҳар боб чанд фасле дорад) ва хотима таркиб ёфтааст.

Яке аз хусусияти беҳтарини асар дар он аст, ки шоир андешаҳое ки ба тариқи наср гуфтааст дар охир бо ягон байту рубоиву қитъаҳои мувофиқ тамом кардааст. Шаклу услуби маъниҳои аҷиби «Шабистони нукот» омили дар бисёре аз мамолики Шарқ шуҳрат ёфтани асар гардидааст, ки аз нимаи аввали асри XVI шарҳнависӣ ба ин асар оғоз ёфта пайравони зиёде пайдо кард. Аз ҷумла, соли 1572 «Роҳати ҷон» ном асари Бурҳони Шавқӣ дар пайравии «Шабистон» таълиф гардид. Дар асри XVII Мулло Турсуни Фароизӣ «Шамъи шабистон» ва Ҳоҷи Баҳром «Шамъи шабистони хаёл» ном асари худро ба шарҳи асари мазкур бахшидаанд. Таъбири асар ҳатто дар ҷумлаи талмеҳу ташбеҳоти шеъри форсӣ ворид гардидааст, ки байти Мулҳами Самарқандӣ намунаи он аст:

Ҳар нуқта зи лаъли ту гулистони хаёл аст,

Зулфат рақами шарҳи «Шабистони хаёл»

«Шабистони нукот» соли 1913 дар Тошканд ба тарзи литографи чоп шудааст, ки аз ин нусхаи мазкур дар МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» низ таҳти рақами 4313 нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи мазкур аз 191 саҳифа иборат буда саҳифаҳои афтода ва фарсудагӣ надорад ва бо саъю эҳтимоми Ғулом Ҳайдархони Кобулӣ ба табъ расидааст.

Адабиётҳо:

  1. Мирзоев А. Сайидо ва мақоми ў дар адабиёти фору тоҷик. – Сталинобод, 1947. – 200 саҳ.
  2. Муаррифи китобҳои чопи сангии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (мураттиб Илҳомҷон Туробов). – Хуҷанд: Ношир, 2021. – 124 саҳ.

Исобоев Д – Мудири шуъбаи

дастхатҳо ва табъу нашри

МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«Шабистони нукот»-и Фаттоҳии Нишопурӣ
Scroll to Top