Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қумғон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

    Қумғон, зарф барои ҷӯшонидани об буда, аз давраҳои қадим то имрӯз аз он васеъ истифода мебаранд. Онро  «чойҷӯш» низ меноманд. Онро асосан аз мис ва чӯян месозанд. Дар давраи қадим қумғони сафолин низ мавҷуд буд. Баъзе қумғонҳои мисинро ҳаккоки низ мекунанд. Қумғон танаи байзашакл, ҷумак (баъзан бе ҷумак), сарпӯш ва зерпояи даврашакл дорад. Он даҳон ва гарданаи васеъ дошта аз обдаста бо ҳамин фарқ мекунад. Бо ривоҷи саноат қумғонҳоро рехтагарӣ карда, аз рӯяш сирдавонӣ низ мекарданд. Қумғонҳо аз ҷиҳати ҳаҷмашон якчанд хел мешаванд: қумғони калон (4-5л), қумғони миёна (2-3л) ва қумғони майда (0,5 -1,5л) ва ғайра. Чунин зарф дар мамлакатҳои Шарқ, Кавказ ва Осиёи Миёна васеъ истифода мешуданд. Дар асрҳои Х1Х ва ХХ макони мисгарӣ, аз он ҷумла қумғону офтобаю обдаста водии Фарғона ба ҳисоб мерафт. Ҳунармандон қумғонро аз мису чӯян сохта, ба рӯйи он бо нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ ва бо навиштаҷотҳо ҳаккокӣ мекарданд.

      Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва толорҳои намоишии он қумғонҳои шакл ва ҳаҷмашан гуногуни аз мис, биринҷи  ва гил сохташуда нигаҳдорӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд. 

    Ҳамчунин, санаи 13-уми апрели соли 2022, ба шуъбаи таърих, аз сокини н.Б.Ғафуров, ҷам.Исфисор, кӯч.Маданият №48, Хуррамбоев Раҳматбобо, бо ҳамроҳи якчанд ашёҳои этнографӣ, қумғон низ дастрас гардид. Зарфи мазкур ба ибтидои асри ХХ тааллуқ дошта, ҳаҷми он хело хурд (0,5л) мебошад. Он аз мис сохта шуда, рангаш ҷигарии баланд мебошад. Қумғон танаи даврашакл, дастак, сарпӯш, ҷумак ва зерпояи даврашакл дорад. Дар қисмати поёни гарданаш нақши ҳандасавӣ ҳаккокӣ карда шудааст.

Пӯлотова Нигора

корманди илмии 

шуъбаи таърихи

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚумғон
Scroll to Top