Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Назаре ба ҳунари зардӯзӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Зардӯзӣ, яъне гулдӯзӣ кардани тавассути риштаҳои заррин ва нуқрагин ҳунари қадимтарини тоҷикон мебошад. Сарчашмаҳои ин намуди ҳунар решаҳои қадимтарин доранд. Дар “Рисолаи заргарон” зикр гаштааст, ки пайғамбар Юсуф бо ҳунарӣ зардӯзӣ машғул будааст. Пирони ҳунари заргарӣ Ҳазрати Идрис ва пайғамбар Довуд ҳисобида мешавад. Аввал бо риштаҳои тиллоӣ дар “карбос” гулдӯзӣ мекарданд, бадтар матоъҳои гуногуни пашмина, абрешимӣ ва барқут мавриди истифода гашт. Чи тавре, ки зикр гардид, ҳунари зардӯзӣ ин касби мардона буд. Касби мазкур аз падар ба писар ҳамчун мерос дода мешуд. Дертар ба ин ҳунар занҳо низ машғул шуда, нозукиҳои ин касбро аз худ намудан, ки он нозукиҳо то замони мо низ омада расидааст. Даврони ҳукмронии амир Олимхон дар Бухорою Хуҷанд устохонаҳои махсусе мавҷуд буданд, ки дар онҳо танҳо барои дарбори амир маводҳои зардӯзӣ омода мекарданд. Дар ин устохонаҳо бештар ҷомаю тӯппӣ, рӯймолу камарбандҳои мардонаю занона зардӯзӣ менамуданд. Дар замони имрӯза низ ба ҳар як ҷавонони навхонадор ва меҳмонони олиқадр ҳатман ҷомаи зардӯзӣ тӯҳфа менамоянд.

Маҳорати зардӯзӣ кардан аз дигар намуди гулдӯзӣ фарқ дорад, зеро риштаи зарринро аз таркиби матоъ гузаронидан хеле душвор мебошад, бинобар ҳамин устоҳои зардӯз риштаҳоро дар болои матоъ оҳиста ва бодиққат мегузарониданд, ки ин раванд вақти зиёдро талаб мекард. Зардӯзони даврони муосир низ ин услуби нозуки ниёгонро имрӯзҳо низ хуб истифода бурда, маводҳои беҳтарини зардӯзӣ карда шуда омода менамоянд.

Дар коллексияи этнографии маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 20 адад экспонатҳои бо ҳунари зардӯзӣ ороёфта мавҷуд аст, ки аз қабили ҷомаҳо, тӯппиҳо, кафши занона, камзӯл, нимтана ва ғайраҳоро ташкил намуда аз санъату ҳунари волои ниёгонамон гувоҳи медиҳад. Имрӯзҳо бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳунарҳои аҷдодонамон аз нав эҳё гардида истодааст, ки мо кормандони осорхонаҳоро водор месозад намунаҳои беҳтарини ин ҳунарро баҳри ғанӣ намудани маъхази осорхона ҳарчи бештар ҷамъоварӣ намуда ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи

таърихи МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНазаре ба ҳунари зардӯзӣ
Scroll to Top