Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“БО ҲАМ БА ПЕШ, БА СӮЙИ ОЯНДА”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо чунин унвон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд чорабинии якҷояи Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ ба ифтихори 30-солагии оғози робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин бахшида шуда, дар он мусаввараҳои рассоми маъруфи Чин Яо Фэн Бин ба намоиш гузошта шуд. Қисмати расмии намоишро омири кулли муассиса И. Иброҳимов ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам намуданд. Мавсуф зикр доштанд, ки “Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон ҳамчун “ҳамсояи хуб, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди стратегӣ” муаррифӣ мегардад. Робитаҳои ду кишвар дар ҳамаи сатҳу зинаҳо пайваста густариш меёбанд”...

Боиси ифтихор аст, ки дар чорабинӣ Варламов А.Н. - консули генералии Федератсияи Русия дар вилояти Суғд, З. З. Насриддин – муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Ҷӯраев Ғ. – рассом, директори Арт-галереяи Сомониён дар шаҳри Хуҷанд, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Розиқов З.-доктори илмҳои иқтисодӣ, Жен Ген Тен – директори Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин ва ҳамчунин устодону донишҷӯёни Донишгоҳҳои маркази вилоят, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, аъзоёни Академияи мусаввирони Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Дар рафти чорабинӣ Варламов А.Н. - консули генералии Федератсияи Русия дар вилояти Суғд ба сухан баромада, аз дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар изҳори хушнудӣ намуд. Ҳамчунин Ҷӯраев Ғ. – директори Арт-галереяи Сомониён дар шаҳри Хуҷанд, Арбоби ҳунари Тоҷикистон ҳамчун далели дӯстии ин ду халқи соҳибтамаддун тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

 Яо Фэн Бин рассоми машҳури Чин аст, ки дар намоишгоҳҳои зиёди милливу байналмиллалӣ ширкат варзидааст. Ӯ узви Ассотсиатсияи хаттотон, аъзои Кумитаи рассомӣ ва хаттотӣ буда, рассоми дараҷаи якум дар Чин маҳсуб меёбад. Рассом ба ҳунари хаттотӣ ва наққошӣ таваҷҷӯҳи бештар дошта, офаридаҳои ӯ бо тарзу услуби нав, ғайримуқаррарӣ, боҳашамат ва нафисанд. Аз ҷониби коршиносони соҳа мусаввараҳои Яо Фэн Бин ғайриоддӣ ва беназир эътироф гардидаанд.

Баргузории намоиши мазкур яке аз падидаҳои муҳимми фарҳангии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта, дар толори намоишӣ дар радифи мусаввараҳои рассоми маъруфи чинӣ Яо Фэн Бин ҳамчунин маводҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки аз ҷониби Котиби генералии СҲШ дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯҳфа гардидааст, ба намоиш гузошта шудааст. Намоиш то охири моҳ идома меёбад.

Аслинисо Ёдгорӣ – мудири шӯъбаи

оммавӣ ва фарҳангии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО “БО ҲАМ БА ПЕШ, БА СӮЙИ ОЯНДА”
Scroll to Top