Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МУРТАЗО ЗАБИДӢ ВА ТОҶ-УЛ-АРЎСИ Ў

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Муҳаммад ибни Абдуррозиқи Ҳусайнӣ машҳур ба Муртазо Забидӣ, луғатшинос ва муҳаддиси маъруф. Соли 1732 дар Балгиром ба дунё омадааст. Аслаш ба шаҳри Восити Ироқ мерасад ва дар Забид аз шаҳрҳои Яман тарбият ва бузург шудааст. Забидӣ аз донишмандони сермаҳсул буда, осори гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштааст. Вай таълифи шарҳи қомусро оғоз кард ва солҳои тўлони ранҷ бурд ва пас аз он, ки онро дар 14 ҷилд ба итмом расонид «Тоҷ-ул-арўс» ном ниҳод. Эътиқоди мардум дар ҳаққи ӯ чандон фузунӣ гирифт.  Вафоти саййид Муртазо Забидӣ соли 1791 бар асари тоун дар Қоҳираи Миср даргузашт. Дар МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» нусхаи чопии он нигаҳдорӣ мешаванд, ки дар зер маълумоти мухтасари онро меорем:

Чунончи гуфтем китоби мазкур ба шакли чопӣ буда, аслан аз 8 ҷилд иборат мебошад ва ҳар як ҷилди китоб дар китоби алоҳида ва бо забони арабӣ дарҷ гаштааст. Аммо дар фонди Осорхона ҷилдҳои 1-ум (№4627), 3-ум (№4628), 4-ум (№4629), 6-ум (№4630), 7-ум (№4631) ва 8-ум (№4632) вуҷуд дорад. Ҷилди аввал аз 654 саҳифа, ҷилди сеюм аз 632 саҳифа, ҷилди чорум аз 444 саҳифа (қисми поёнии се саҳифаи охир даридааст), ҷилди шашум аз 434 саҳифа, ҷилди ҳафтум аз 427 саҳифа (чор саҳифаи охир дарида дорад) ва ҷилди ҳаштум аз 414 саҳифа иборат мебошад. Ҷилдҳои дигар афтодагӣ надорад. Он соли 1306/1889 дар Миср ба табъ расида, андозааш 24х32 см. мебошад ва ҳар саҳифа дорои 40-41 сатр аст. Муқовааш расмисохти картонии оддии сабзранг мебошад.

Мудири шӯъбаи дастхатҳо ва

табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Туробов И.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМУРТАЗО ЗАБИДӢ ВА ТОҶ-УЛ-АРЎСИ Ў
Scroll to Top