Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Як нигора - табақи сангин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Дар  Осорхонаҳои Тоҷикистон мероси ғайримодди фарҳангии гуногун ҷамъоварӣ шуда онҳо дар якҷоягӣ хазинаи осорхонавии ватанамонро ташкил медиҳанд. Дар хазина ва толорҳои Осорхона, аз ҷумла нигораҳои катибадор, ки ёдгориҳои эпиграфӣ номида мешавад, мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Омӯзиш ва пешкаши ҳамагон намудани катибаи нигораҳо аҳамияти калони илмӣ ва осорхонавӣ дорад.

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва толори намоишии он табақи калоне бо санъати ороишии  худ диққати касро ба худ ҷалб менамояд. Табақ аз санги мармари сиёҳтоб сохта шуда, дар рӯи он нақш ва навиштаҷот бо ҳуруфи арабиасос бо забони тоҷикӣ ҳаккокӣ карда шудааст. Дар қисмати  болоии даврадаври  девори табақ нақши селаи турнаҳо бо хатчаҳои амудӣ, дар поёни он, дар дохили давраи барҷаста ва ба ҳарфи Х монанди дошта , дар бахши дохилии он  5  байт-шеър бо чунин матн ҳаккокӣ шудааст:

     Табаррук ин табақи санги мармар,

     Чу беҳтар аз табақи нуқраю зар

     Табаррук  бувад дилаш аз баҳри он аст.

     Ки асли конаш аз дарбори Ҳайдар

     Ба ихлосаш хӯрад ҳар кас дар ин ош,

     Бидеҳ ризқи насиб эй бандапарвар.

     Илоҳо ҳурмати султони меъроҷ

     Ҳисоби мо мегирад дар явми маҳшар.

     Гар туро мушкил ба пеш ояд бигӯ ҳафтод бор,

     Ло фато ило Алӣ ло сайфул илло Зулфиқор.

Тибқи навиштаҷоти рӯи Табақи сангин, он соли 1334 ҳиҷрӣ- 1916 мелодӣ сохта шудааст. Аз рӯи нақли супорандаи асар табақ аз шаҳри Истаравшан дастрас карда шудааст. Табақи сангинро аз Зунунходжаев Зикритдин сокини шахри Хуҷанд кӯчаи Султон Умаров №19 харидорӣ карда шудааст.

Кормандони илмии Осорхона ҷиҳати ғанӣ гардондани маъхази фондӣ Осорхона фаъолият намуда, корҳои ташвиқотӣ, таблиғотиро байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда, сарватҳои фарҳангии бо санъати баланд омоданамудаи халқи тоҷикро барои дастрасӣ умум будан ҷамъоварӣ намуда истодаанд.

                                       Тиляева Шахнозахон- корманди

                                       илмии фонди Осорхона.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЯк нигора - табақи сангин
Scroll to Top