Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷаласаи ҳайати мушовара

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 21-уми октябри соли 2021 дар толори “Кохи фарҳанги Суғдиён”  Маҷлиси ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти тамоми сохторҳои Раёсат ва шӯъбаву бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар нӯҳ моҳи соли равон ва вазифагузориҳо барои ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид. Дар рафти Ҷаласа роҳбарони муассисаҳои фарҳангии қаламрави вилоят вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати бо маълумоти соҳавӣ фаъолият намудани кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд. Вобаста ба ин дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо дастури роҳбарият аллакай тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст. Дар ин ҷамъомад ба кормандони фаъоли муассиса Олимова Нодира Абдуманноновна – ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ ва Хоҷаева Муҳаррама Афзаловна– мудири шӯъбаи таърихи давраи муосир барои фаъолияти пурсамар ва дастоварди натиҷаҳои назаррас бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдиронида шуданд.

Аз номи маъмурияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳарду дар корҳои ояндаашон бурдбориҳо таманно менамоем.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶаласаи ҳайати мушовара
Scroll to Top