Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Инъикоси воқеаҳои таърихӣ дар мусаввараҳои фонди осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рассоми бахши санъати тасвирӣ, ҳунари азалии мардумӣ ва касбист, ки соҳибони ин навъи ҳунар ба воситаи ранги ширешӣ, равғанин, обӣ ва мӯқалам дар рӯи қоғаз, матоъ (холст), тахта, девор, филиз ва ғайраҳо асарҳои бадеӣ меофариданд.  Аз замонҳои қадим мусаввирон ба тасвири манзара ва чеҳранигорӣ, ба дарки зебоипарастӣ он машғул буданд. Тавассути тасвири бадеӣ ҳар як рассом мекӯшад, ки дар мусаввараҳо ҷаҳонбиниву муносибати эҷодкоронаи худро нисбат ба зебоии табиати, фазо ва олам атрофро нишон диҳанд. Нахустин аксҳои ранга дар рӯи деворҳо кашида мешуданд. Чунин аксҳо дар деворҳои ҳамвори мусаттаҳи хуб андоваю суфташуда офарида мешуданд. Ба рангҳои табӣ (аз гулу гиёҳ,  решаву пӯстлохи растаниҳо) ба хотири ҳифозат аз намӣ ва напаридани ҷилои ранг ширеши дарахт илова мекарданд. Ранги сафед аз нармгаҷ ё сафедхок, сиёҳ аз устухони сӯхта, ангишт ва дуда, зард аз зардхоки кӯҳӣ, сурх, кабуд ва дигар рангҳо аз решаву пӯстлохи растаниҳо тайёр карда мешуданд. Тасвирҳои рангдори нахустинро дар хонаҳои раҳоиши сарватмандон, кӯшку қасрҳо ва толорҳои алоҳидаи ташрифотии дарёфт гардида  дида метавонем, ки давраи офаридаи онҳо ба асрҳои V-VIII мелодӣ рост меояд ва минбаъд он рушд меёбад.

Мавзӯъҳои тасвирҳои рангини рӯи деворҳои андовашуда вобаста ба вазъи таърихи давру замон ва шароити иҷтимоию табъи фармонфармоён хеле гуногуну ҷолиб буданд: саҳнаҳои шикор, базмҳо, лаҳзаҳои ҳарби, маросимҳои динӣ ва амсоли онҳо. Чуноне дар яке аз деворҳои қасри Деваштич силоҳи деворшикану қалъавалангорсози манҷаниқ, ки дар соли 711 ҳангоми тасхири Самарқанд аз тарафи арабҳо истифода шуда буд, хеле барҷаста акс ёфтааст.  Ҳамчунин чунин аксҳо дар деворҳои аксари шаҳрҳои қадима ва бештар “шаҳри гумшуда” аз қабили Афросиёб, Панҷакенти Қадим, Варахша, Бунҷукат, Ҳулбук, Аҷинатеппа, қасабаи Сайёд, Ҳулбук, Ҳаловард ва амсоли инҳо қисман азбайнрафтаву баъзеҳо нимахароб то замони мо боқӣ мондаанд.

Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои боазамат, водиҳои серҳосили шукуфон, дарёҳои пурталотум тунду тез, майдонҳои бепоёни мунаввар аз  нури офтоби пахта аст. Дар ин ҷо мардуми боистеъдод зиндагӣ ва кор мекунад. Мардуми тоҷик қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна, дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ, ба ҳама он нопойдориҳои сарнавишти худ нигоҳ накарда, фарҳанги моддӣ – маънавии санъати пурғановатро эҷод кард, ки асоси маданиятҳои қадими ва асрҳои миёна ва тамаддуни минтақаҳоро ташкил дода аст. Тоҷикистон дорои шаклҳои ниҳоят ғании санъати декоративӣ буда дар ин ҷо дар асоси он  навҳои гуногуншакли нақшу нигори меъморӣ, услубҳои бадеӣ, шаклҳои бузургу майдаи кулолгарии маишӣ, сикказанӣ, кандакорӣ дар чӯб, ороиши либос, заргарӣ, пластики майда, нақшу нигори монументалӣ ва навҳои бисёр зиёди эҷодиёти бадеии дигар гузошта шуда аст. Барои шинос шудан ва омӯхтани сарзамини зеботабиати маҳалҳо ва ҷамъ кардани маълумотҳо дар бораи тоҷикон рассомҳои бисёр ба ҷумҳури омада буданд. Рассомни шинохта монанди Н.Котов, П.Староносов, Л.Бруни, П.Барто, Л.Крамаренко, В.Сидоренко, А.Песков дар байни онҳо буданд. Барои аксари онҳо маҳалҳои сарзамини нав, ғайри оддӣ дилрабо ва аҷоиб буд. 

Барои вусат додани соҳаи санъати тасвирӣ дар Тоҷикистон  аз солҳои    30-ум барномаҳои махсуси ҳукуматӣ масъалагузорӣ шуда аст. Дар ин давра як қатор мутахассисони варзидаи маҳаллию хориҷӣ  оиди ташаккули санъати тасвирӣ аз қабили И.Ершов, В.Сидров, Т.Турдиев, Б.Мухаммедов, А.П.Лим, Г.Кузмин, Тазиев, В.П.Слутник, Х.Д.Хушвахтов., Н.Эшонов, З.Глушков, Н.Матасов, Ю.Павлов, Катаев ва дигарон саҳми босазо гузоштаанд, ки маҳсули заҳматҳои офаридаи онҳо то ба имрӯз дар фонди санъати тасвирии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳифзу нигаҳдорӣ шуда, қисме аз онҳо дар экспозитсияи осорхона ва қисмати дигар дар намоишҳои муваққатии сайёҳ ба намоиш гузошта мешаванд. Мисол шуда метавонад намоиши сайёҳ, ки дар  Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон санаҳои 25.07.2018 то 25.08.2018 баргузор гардида дар он аз коллексияи фонди осорхона 53 адад асарҳои рассомони машҳури дар боло зикр гардида ва ҳам замони муосир  К.Ёдгоров, Ғ.Ҷӯраев, В.Абдураҳмонов, А.Ҷаборов, Н.Эшонова, Р.Сангинов,  С.Саидоқилзода, Ш.Ҳикматов, А.Хокироев ва дигарон ба намоиш гузошта шуда буданд. Мавзӯҳову мундариҷаи асарҳои рассомон ҳодисаҳои таърихӣ, рамзи  ҳаёту табиати зебои нотакрори диёрро дар бар гирифта ҳангоми тамошо бинандаро  шефтаи табиати зебои Тоҷикистон гардонида буд. 

                                             

Боиси зикр аст, ки дар коллексияи фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 126 адад мусаввараҳо мавҷуд аст, ки дар байни онҳо мусаввараи рассоми шинохта А.П.Лим ҷои махсусро ишғол мекунанд. Мусаввараи мазкур “Шӯриши соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд” ном дошта он соли 1955 дар рӯи матоъ (холст) бо ранги равғанӣ бо андозаи  80х100 офарида шуда, дар китоби воридоти осорхона таҳти рақами КВ-1276. М-19 ба қайд гирифта шуда. Айни замон дар экспозитсияи намоиши толори “Ҷунбишҳои халқӣ, ғалабаи Инқилоби Октябр ва мустаҳкамшавии Ҳокимияти Шӯравӣ” ба тамошо гузошта шудааст. Тамошобин аз тамошои асари мазкур бо воқеъаи мудҳиши  таърихии соли 1916, ки дар шаҳри Хуҷанд сарзада, хуруҷи меҳнаткашони уезди Хуҷанд бар зидди ҷабру ситами ҳукумати подшоҳӣ шинос мегардад.

25 июни соли 1916 ҳукумати Николайи II  фармон баровар, ки мардони аз 19 то 43 солаи ноҳияҳои шарқии империяи Россия ба сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ дар ақибгоҳ сафарбар карда шаванд. Аз уезди  Хуҷанд бояд 8948 нафар мардон сафарбар карда мешуданд.  2 - 3 июл дар Хуҷанд рӯйхатгирӣ оғоз гардид. Мардум, ки аз ин рӯйхатгириҳо норози буданд шӯриш бардоштанд. Дар ин шӯриш Қобилхӯҷаева Бибисолеҳа (Ходими Ҷамолак), Ҷӯра Зокиров, Ҷӯра Алӣ, Зубайдулло Раҳматуллоев барин фарзандони далери халқи тоҷик фаъолона иштирок карданд.

Дар асари мазкур рассом тамоми нозукиҳои лаҳзаҳои шӯришро моҳирона инъикос намуда, дар он тамоми қоидаю қонунҳо санъати тасвириро, ба монанди дурнамои хаттӣ ва ҳавоӣ, назарияи рангшиносӣ истифода бурда шудааст. Маркази асосии композитсияро ҳамон шӯришгарон, яъне мардуми оддӣ ташкил намуда, ҳамчунин дар мусаввара аз тарафи рост деворҳои Қалъаи (Ӯрда) Хуҷанд бо бурҷҳову дарвозааш, аз тарафи чап бинои маъмурияту иншоотҳои посбонон, тирпаронии афсарон ба тарафи ошӯбгарон ва қуббаҳои ибодатхонаи насронӣ хеле барҷаста тасвир ёфтааст.  

 

Асари дигари нотакрори коллексияи фонди осорхона ин мусаввараи “Фирдавсӣ дар назди шоҳ”ном дошта, он амали рассом Солиев А. буда, дар китоби воридотии фонди осорхона таҳти рақами КВ-1389. М-169 сабт гардидааст. Дар экспозитсияи намоишии толори “Маданият, илм ва адабиёти асри XI ва ибтидои асри XIII” ба намоиш гузошта шудааст. Мусаввара дар рӯи матоъ (холст) бо ранги равғанин соли 1959 бо андозаи 100х80 см тасвир ёфтааст. Он бозгӯяндаи воқеъаи таърихии асри ХI мебошад. Дар он лаҳзаи  аз тарафи шоир Абулқосими Фирдавсӣ пешниҳод намудани шоҳасари безаволи хеш “Шоҳнома” ба Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тасвир ёфтааст. Дар ин асар рассом тавонистааст, ки он лаҳзаҳои ҳасосро бо риояи тамоми нозукиҳояш бо як маҳорати баланди чеҳранигорӣ хеле барҷаста  тасвир намояд.

Фирдавсии бузург асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркази тоҷикон – Сомониён дар натиҷаи кашмакашҳои дохилӣ ва таҳдиди аҷнабиён чодарнишини рӯ ба  парокандаги ниҳода буд. Вай дар сини 35 солагӣ пас аз он, ки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, ба иловаи “Шоҳнома”-и Абӯмансурӣ дар бораи гузаштаи халқҳои эронинажод маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ “Шоҳнома” шурӯъ намуд. “Шоҳнома”сар то сар аз ҳикоятҳои тарбиявӣ, ягонагии мардум, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ, ки  волотарин хислатҳои инсони аст иборат мебошад. Дар он муддате, ки А.Фирдавсӣ бо таълифи асари хеш банд буд, хеле вақти зиёд мегузарад. Дар ин давр давлати Сомонӣ аз по афтода буд. Он гоҳ А.Фирдавсӣ аз рӯи маслиҳати яке аз одамони хайрандеш “Шоҳнома”-ро ба Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба сари ҳокимият омада буд, тақдим намуд. Лекин Маҳмуд мазмун ва мӯҳтавои асарро пай бурда туҳфаи шоиронаро рад намуд ва ҳатто шоирро аз сабаби тасвир намудани қаҳрамонон ва подшоҳонӣ пеш аз исломӣ ба кофири айбдор намуда, бифармуд, ки ба зери пои фил партоянд, лекин хурсандона ба А.Фирдавсӣ муясар гадид, ки ҳам ҷони худ ва ҳам “Шоҳнома”-и безаволашро халос намояд.

Маркази асари рассом  ин китоби “Шоҳнома” ба ҳисоб рафта шоҳ ба он чунон хашминона нигоҳ дорад, ки ҳар як бинанда ҳангоми тамошои ин асар хашму ғазаби шоҳро ба худ эҳсос менамояд. Симои Абулқосим Фирдавсӣ низ бо як маҳорати балад рӯафтода бо эҳсоси тарс дар қалб тасвир ёфтааст. Ҳамчунин дар ин асар  симоҳои он шахсоне, ки шоҳро иҳота мекунанду ба ӯ маслиҳат медиҳанд бо санъати баланди чеҳранигорӣ инъикос гардиданд. 


Боз чунин асарҳои мусаввирон, ки бозгӯяндаи воқеъаҳои таърихӣ мебошанд дар коллексияи фонди осорхона ниҳоят зиёданд, агар ҳамаи омӯзиши илми санъатшиносии онро рӯи қоғаз оварем асари пурқиммати илми санъатшиносӣ метавон офарид.

М. Мамадҷонова

мудири шӯъбаи таърихи МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИнъикоси воқеаҳои таърихӣ дар мусаввараҳои фонди осорхона
Scroll to Top