Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Курси омӯзишии сайёҳӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз санаи 19.10.2020 то 22.10.2020 дар меҳмонхонаи “Суғдиён” курси  омӯзишӣ оид ба стандартҳои экологии Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид. Дар семинар намояндагони осорхонахо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок ва баромад намуданд. Меъёрҳои шӯрои ҷахонии сайёҳии устувор масъалахои истеҳсолот ва истеъмоли устувор, инчунин стандартҳо, хариди сабз ва миёна дар соҳаи туризм баррасӣ гардид.

Лоиҳа аз ҷониби ассотсиатсияи ташкилотхои пешбурди туризм ТАТО дар ҳамкорӣ бо барномаи амалӣ карда шуд. Ҳангоми омӯзиш масъалаҳои муҳим барои рушди устувори сайёҳӣ дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон бардошта шуд.

-         мафҳумҳои асосӣ барои ташкили ташаббуси идоракунии муҳити зист;

-         аҳамият барои таҳияи нақшаи амалиёти экологӣ;

-         масъулияти иҷтимоии коорпоративӣ.

Иштирокчиён оид ба мутобиқсозии стандартҳои Иттиҳоди Аврупо меъёрҳои туризми ҷаҳонии устувор барои стандартҳои дахлдор ва хариди сабз барои ИБА оид ба туризм бо Ассотсиатсияи ТАТО мулоқот намуданд.

Тариқи онлайн иштирокчиён бо давлати Гретсия бо ҷаноби Янис ва ҷаноби Ҷорҷ саволу чавоб намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур бо Ассотсиатсияи ТАТО бо роҳбарии Файзуллоев Фаттоҳ Набиевич баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин семинар густариши сайёҳӣ дар Тоҷикистон, алалхусус дар шаҳри Хуҷанд ва афзоиши ҷараёни сайёҳон дар Тоҷикистон мебошад.

Исоева Заррина

роҳбалади шуъбаи сайёҳии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКурси омӯзишии сайёҳӣ
Scroll to Top