Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷузъи сарпӯши сунатии аҷдодони мо - салла

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Салла, дастор, амома – матои яклухтест, ки ба гирди тоқӣ, арақчин ва кулоҳ мепечонанд. Чуғрофидон ва муаррихи Юнони Қадим Страбон навиштааст, ки модҳо (яъне мадоҳо) салла мебастанд ва ин таомули онҳо ба эрониҳо гузаштааст. Салла дар аҳди  Сосониён, инчунин дар Фаластин ҳам маъмул будааст. Ислом ҳангоми намозхонӣ салла бастанро ҳатмӣ эълон кард. Саллаи халқҳои гуногун аз ҷиҳати ранг, навъи матоъ, ҳаҷм ва тарзи бастан аз ҳам фарқ карда, ин тафовут на танҳо халқият, инчунин ба кадом табақаи иҷтимоӣ мансуб будани шахси саллабандро ҳам нишон медод. Масалан саллаи сабзро танҳо сайидону ҳоҷиён мебастанд. Дар Бухоро амалдорон, аъёну ашроф ва худи амир саллаи тунуки ҳиндӣ мебастанд, ки аз сабаби сабукиаш онро саллаи “мисқолӣ” мегуфтанд.

Дар қисмати шимоли Тоҷикистон яъне дар вилояти Суғд ду намуди салла маъмул буд: саллаи калон, ки сафедранг буда “дастор” низ номида мешуд ва саллаи хурд, ки аз пораи дарози матоъ иборат буда, онро “фӯта” меномиданд. Салларо дар гирду болои кулоҳ ва ё тӯппӣ печонида, як қисми охираш “фаш” аз тарафи чап овезон карда мешуд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ салларо аз рӯи навъи матоъ фарқ мекарданд. Истеҳсолкунандагон ва ё бофандагони онро “саллабоф” ё “фӯтабоф” меномиданд.

Дар коллексияи этнографии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 10-адад саллаҳо мавҷуд буда, аз ҷиҳати матоъ, сохт, андоза ва ороишоташ аз ҳамдигар куллан фарқ мекунанд. Ба ин гуфтаҳо мисол шуда метавонад экспозитсияи намоишии осорхона, ки дар мавзӯъҳои  “Таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои XIV-XV” ва  “Таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои XVIII” сару либоси табақаҳои гуногуни ҷомеа яъне дарвешон ва сарватмандон ба намоиш гузошта шудааст, ки сару либоси онҳо аз он ҷумла саллаашон аз ҳамдигар куллан фарқият дорад. 

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ саллаи нимабрешимини кабуду хокистариро аз ду намуди тобиш: нилобии рӯшани катакчаҳои хурддошта аз ресмони сафеду осмонӣ, хокистарранги тобишаш ҳархела, баъзан кабуди баланд истеҳсол мекарданд. Дар ҳошияаш хати ҳамвори сафеду сиёҳ ва кабуди ғавсиаш 5см дӯхта мешуд. Охири салла бо якчанд хатҳои уреб оро дода мешуд, ки онро саллаи пешовурӣ немониданд. Ин сарпӯшро танҳо сарватмандон мепӯшиданд, ҳамчунин он як ҷузъи ҷиҳози оилаи арӯс ва домод ба шумор мерафт.

Матойи абрешимини нақшдор “чашми булбул” катакчаҳои хурди кабуд, хокистарранг ва сафед дошт, ки онро барои салла истеҳсол мекарданд. Мардум вобаста ба табақаашон саллаи сафед ва мувофиқ ба либос мепӯшиданд. Табақаи дорои аҳолӣ, намояндагони зиёиён, диндорон ва калонсолон саллаҳои сафеди аз матойи тунуки саноатӣ – дока мепӯшиданд, он ҳам маҳсули дастони бофандагони маҳаллӣ буд. Охири чунин саллаҳо бо як ва ё якчанд хатҳои сурх оро дода мешуд.

Маъмулан ба сари домод бастани салла низ роиҷ буд. Масалан, дар Бухоро ҳангоми ба гаҳвора бастани фарзанди нахустин ба сари модари ҷавон салла мебастанд, ки ин маросим саллабандон ном дошт.

Дар замонҳои муосир бошад салларо танҳо намояндагони дин яъне имомхатибони масчидҳо, мардони куҳансоли ноҳияҳои дурдаст ва писарбачагон дар рӯзи тӯйи хатна ба сар мебанданд. 

                                              Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи

                                               таърихи МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶузъи сарпӯши сунатии аҷдодони мо - салла
Scroll to Top