Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар Осорхонаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

30-сентябр-Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ)


Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бузургтарин ва маъруфтарин суханвари ориф дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аст. Номи аслияш Муҳаммад, номи падараш Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Хатибӣ маъруф ба Баҳоуддин Валад, лақабаш Ҷалолуддин ва нисбааш Румӣ мебошад.

Бино ба ахбори аксари донишмандон Мавлоно шашуми рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 30-сентябри соли 1207 мелодӣ дар шаҳри Балх таваллуд шудааст.

Мегӯянд, ки падараш Баҳоуддин Валад аз олимони дин ва фақеҳи ислом буд. Баҳоуддин Валад бо баъзе сабабҳо бо баҳонаи зиёрати Каъба бо аҳли хонаводаи худ рӯ бар мусофират меоварад ва Балхро тарк мегӯяд. Баъди зиёрати Каъба онҳо якчанд муддат дар мусофират қарор доштанду азбаски қисмати бештари умри хешро дар Анотулӣ гузарониданд ва Анотулӣ яке аз музофотҳои имперотурии Рум буд, аз ин сабаб Румӣ гӯянд.

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ аз худ осори пурбаҳое ба ёдгор мондааст, ки инҳо мебошанд:

  1. “Маснавии маънавӣ”-комилтарин девони тасаввуф дар таърихи адабиёт аст.
  2. “Девони ашъор”-маҷмӯи ғазалиёт ва рубоиёти Мавлоно аст, ки бо номҳои “Куллиёти Шамс”, “Девони кабир” ва “Ғазалиёти Шамс” шӯҳрат дорад.
  3. “Фиҳӣ мо фиҳӣ” асари мансури Мавлоно аст.
  4. “Мактубот”-маҷмӯи номаҳои Мавлоно аст, ки ба фарзандону пайвандон, дӯстон, бузургони дину давлат ва дигарон навиштааст.
  5. “Маҷолиси сабъа”-маҷмӯи суханҳое аст, ки Мавлоно ҳангоми вазъ аз сари минбарҳо баён доштааст.

“Маснавии маънавӣ” аз шаш дафтар иборат аст. Устод Абдулманнони Насриддин дар китоби “Бо корвони нур” миқдори байтҳои ин шоҳасарро 25 635 байт гуфтаанд. Ин асар бештар фарогири андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқӣ аст. Аксари абёти “Маснавӣ” ва қиссаву ҳикоёти он ҷиҳати тарбияи инсони комил раҳнамое аст. Хонанда бо мутолиаи ин асар ба зудӣ пай мебарад, ки муроди Мавлоно аз таълифи ин асар қабл аз ҳама тарбияи инсони комил будааст.

Дар риштаи илмҳои филологӣ таърих ва адабиёт бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Аз ин лиҳоз, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд роҳбаладон ҳангоми гузаронидани сайри илмӣ дар ҳар як даврабандии таърихӣ таваҷҷӯҳи шунавандаро то ҳадде ба адабиёт низ равона месозанд, ки акси намояндагони бузургтарини аҳли адаб зеббахши толорҳои пуршукӯҳи осорхона ҳастанд. Ҳамчунин дар мавзӯи “Халқи тоҷик дар давраи Чингизиён” мо метавонем акси Мавлоно Ҷалолуддини Румиро дар радифи Саъдии Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Камоли Хуҷандӣ бубинем.

Ҳамчунин яке аз асарҳои гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар фонди осорхона маҳфуз аст, ки он дар аввалҳои асри ХХ ба тариқи чопи сангӣ нашр гардидааст ва ҳаводорони шеъри воло метавонанд аз он истифода намоянд. 

Аслиниссо Ёдгори

Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ

 ва робита бо ҷомеа  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар Осорхонаи таърихӣ
Scroll to Top