Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Вахдати миллӣ - омили рушди устувори сайёҳӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳафтаи сипаригашта дар меҳмонхонаи “Суғдиён” бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.


Дар конфронс намоянда аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и вилояти Суғд, масъулини соҳаи рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, намояндагони Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон, МД “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилоят, шӯъбаи сайёҳии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, ВАО-и шаҳру вилоят иштирок доштанд.

Дар рафти конфронс Ҳусния Исоқова – намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ-омили рушди устувори сайёҳӣ” маърӯза намуда, роҳ ва усулҳои баромадан аз бӯҳрони соҳа нуқтаҳои муҳимро таъкид кард.

Даврон Меллибоев – мудири шӯъбаи Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилоят дар мавзӯи “Пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар иншоотҳои сайёҳӣ” баромад намуда, ҷиҳати пешгирӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Ҷамшед Юсуфов - директори Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон таҳти унвони “Имкониятҳои хатсайрҳои нави сайёҳӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ” суханронӣ намуда, ақидаҳои худро оид ба хатсайрҳои нави сайёҳии дохилӣ ва ҷалби сайёҳони дохилӣ иброз намуд.

Ҳамчунин Ёқубов Муҳаммадҷон – директори МД “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”, Парвиз Зафарзода – мудири бахши сайёҳии шаҳри Истаравшан, Муртазо Эгамзод – мудири бахши сайёҳии шаҳри Исфара, Наргиза Ӯрунова – масъули рушди сайёҳии шаҳри Гулистон, Хусрав Ҷӯраев – масъули рушди сайёҳии ноҳияи Шаҳристон иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилии кишвар ва пешгирӣ намудани бемории нави сироятии коронавирус мебошад.

Дар фарҷоми конфронс аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд иштирокчиён ифтихорнома супорида шуд.

 

Исоева З.

Роҳбалади шӯъбаи сайёҳии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВахдати миллӣ - омили рушди устувори сайёҳӣ
Scroll to Top