Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

18-МАЙ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар рӯзгори мо нигаҳдорӣ ва манзур сохтани маҳзани ёдгориҳои пурарзиши ниёгон вазифаи пурмасъули кормандони илмии осорхона мебошад. Илми таърихнигории ҷаҳонӣ собит кардааст, ки дарёфти оддитарин олоти меҳнат, васоити рӯзгор ва  як ҷумла осори хаттӣ метавонад дар ҷараёни тадқиқоти илмӣ  дигаргунии куллӣ ворид намояд.

Яке аз самтҳои фаъолият дар Осорхона ин ба роҳ мондани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ мебошад, ки дар ин раванд кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Н. Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Шӯрои имлӣ  фаъолият дошта, ба ҳайати он олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров профессор Раҳимов Н. – бостоншинос, доктори илмҳои таърих, дотсент, Файзуллоев М. - номзади илмҳои таърих, Шарипов Ш. - номзади илмҳои таърих, Раҳимов И. - номзади илмҳои филологӣ, Раҳматов Б. - директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”  шомил мебошанд.

Ҷаласаи аввали Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ 21-уми  январ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти осорхона ва маҷмаа дар соли 2020, барнома, нақша - чорабинии муассиса бахшида ба 5500-солагии Саразм ва 700- солагии Камоли Хуҷандӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Бахшида ба 700- солагии бузургдошти Шайх Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби омири осорхона Бойматов М.Т. - мақола таҳти унвони “Бозгашти маънавии Камол” таҳия карда шуда, ба маҷаллаи “Мероси ниёгон” пешкаш карда шуд. Ҳамчунин, мудири шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Ёдгорӣ А. ба пешвози 75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақола таҳти унвони “Саҳми ақибгоҳ дар таъмини Ғалаба”, мудири  шӯъбаи таърих Мамадҷонова М. - ба муносибати таҷлили ҷашни 5500- солагии Саразм мақола таҳти унвони “Саразм- оғози тамаддуни халқи тоҷик”, корманди илмии шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр аз ҷониби Бойматова М. ба ифтихори ҷашни 700- солагии Камоли Хуҷандӣ мақола таҳти унвони “Шайх Камол андалеби Хуҷанд” таҳия намуда, ба маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ пешкаш карда шуданд. Инчунин аз ҷониби кормандони илмии шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр феҳрасти китобҳои нодири фонди осорхона ба миқдори 55 адад  ва мақола таҳти унвони “Таърих ва таҳаввули хати насх” омода карда шуд. Аз тарафи роҳбаладони Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Панҷакенти ибтидоӣ асримиёнагӣ”, “Давлатдории Қӯшониён” таҳия карда шуд.

Аз ҷониби кормандони илмӣ ҳамасола оғоз аз соли 2015 нашри ахбори илмӣ бо қарори Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба роҳ монда шуда, соли гузашта рақами 5-уми он бо фарогири 11-адад мақолаҳои кормандони илмии осорхона, 14 адад мақолаҳои докторон ва номзадҳои илм, мутахассисони осорхонашинос ба табъ расонида шуд.

Кормандони илмии шӯъбаҳои таърих, таърихи давраи муосир, дастхат ва табъу нашр ба ашёҳои таърихӣ ва фарҳангии нави ба фонди осорхона ворид гардида, ҷамъ ба миқдори 38 адад шиносномаи илмӣ ва варақаи бақайдгири тартиб дода, дар корҳои ҳафриётӣ ки дар ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида шуд, фаъолона иштирок намуданд.

Ҷаласаҳои харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда 223 адад ашёҳои аҳамияти таърихӣ- фарҳангӣ дошта, қабул гардиданд. Аз миқдори умумии ашё 45 адад ба фонди асосӣ ва 178 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.

Дар радифи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ходимони илмии осорхона корҳои оммавӣ- фарҳангиро, дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма хуб ба роҳ монда, 2 маротиба вохӯрӣ, 3 маротиба намоиш ва 1 конфронси илмӣ ташкил намуда, ба 11173 нафар тамошобинон хизматрасонӣ намуданд.

Бо ин ҳама кормандон ва ходимону олимоне, ки дар ҳамбастаги барои рушди фарҳанги миллӣ  ва ҳифзу манзурнамоии мероси ниёгон талош меварзем, азм дорем,ки ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидани завқи худогоҳиву худшиносӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи омӯзандаи миллат ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии тамоми табақоти ҷомеъа хидмати босазо намоем.

Бояд қайд намуд, ки шурӯъ аз соли 1977 ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 1978 инҷониб ин ҷашн дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қайд мегардад.  

Ҷомеаи меҳнатии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд   МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” кулли кормандони осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва вилоятро бо иди касбиашон табрик ва муборакбод намуда ба корҳои илмӣ ва эҷодиашон бурдбориҳо таманно доранд.   

                                        Омири Осорхонаи

таърихии вилояти Суғд

 Бойматов М.Т

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО 18-МАЙ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО
Scroll to Top