Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - “Сайри гули лола”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 


18 апрели соли 2020 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» бахшида ба“Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барпо гардид.

Дар маросим роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Шоҳҷоизаи асосӣ ва ҷойи аввал ба шаҳри Душанбе ва ҷойи дуюм ба вилояти Хатлону Суғд сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин, аз рӯйи номинатсияҳои "Гулпарвари беҳтарин", "Гулгашту хиёбони беҳтарин", "Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин", "Маҳаллаи беҳтарин" "Ноҳияи беҳтарин" ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - “Сайри гули лола” фаъолона иштирок намуда, дар самти ободонии боғи фарҳангӣ – фароғатӣ бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Шодибеков А. – ҷонишини аввали омири МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, директори Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар озмуни мазкур бо дипломи Дараҷаи I барои иштироки фаъолона дар озмуни вилоятии гулҳо - “Сайри гули лола”, саҳми арзанда дар рушди фарҳанги зебоипарастӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ дар бахши “Гулпарвари беҳтарин” ва дар самти “гулпарвари беҳтарин” бо Дипломи дараҷаи III сарфароз гардонида шуд.                                                                                                                                                                                                                                                                           

 Бояд тазаккур дод, ки озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - “Сайри гули лола”
Scroll to Top