Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозёфти осори ниёгон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Охири моҳи марти соли 2020 дар ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен кӯчаи Доманакӯҳ №11 аз ҷониби Мирзоназар Тағоев, муҳассилини МТМУ №28-и шаҳраки Навкат Муҳаммадӣ Нуралӣ, Аюбҷони Сабзалӣ ва Усмонов Иброҳим аз қитъаи заминии хусусӣ, ҳангоми корҳои сохтмонӣ, ҳамворкунии замин дар нишебии хоктеппа аз қабати хок ду хуми сафолин ва устухони одамро дарёфт намуданд. Бо дархости онҳо ба макони бозёфт мутахассисон бостоншинос профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Н. Раҳимов, омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд М. Бойматов ҳозир шуда, ҷои бозёфтро аз назар гузарониданд.

Як хум аз чуқурӣ бароварда шуда, дигаре аз сабаби фарсуда будан ҳангоми аз хок ҷудо намудан ба шикастапора табдил ёфтааст. Хуми боқимонда осебдида, ҷойҳои кафидаю шикаста дошта, дарунаш пур аз хок буд. Аз паҳлуи хум косахонаи сар ва қисман устухони одам низ ёфт шудааст. Хуми мазкур байзашакл, ҳаҷмаш миёна, 50см баландӣ дошта, қутри даҳанаи хум 20см мебошад. Аз гуфти профессор Н.Раҳимов хуми ёфтшуда ашёи таърихӣ ва мероси ниёгон маҳсуб ёфта ба асрҳои IV-V мелодӣ тааллуқ дорад. Ҳоло ин бозёфтҳо мавриди таҳқиқи илмӣ қарор доранд.

    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозёфти осори ниёгон
Scroll to Top