Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми сазовори худро касб намуда, сол аз сол ташрифи сайёҳон ба ин кишвари зебоманзар зиёд мегардад.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки яке аз мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ маҳсуб меёбад, ҳар як сайёҳи хориҷиро бо қадимтарин мероси ниёгон ошно месозад. Соли гузашта аз осорхонаҳои МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 5000 нафар меҳмонони хориҷӣ дидан намуданд. Моҳи июли соли 2019 хонума Гейл Танабе сайёҳе аз Зеландияи Нав ба Осорхонаи таърихӣ ташриф оварда буд ва бо як ҷаҳон таассуроти нек ин манзилро тарк намуд. Дирӯз ин сайёҳ таассуроти худро ба кормандони осорхона ба воситаи мактуб фиристод. Дар он чунин омадааст:
“Муҳтарам кормандони Осорхона
Соли қаблӣ, санаи 6-уми июл ман ба осорхонаи ҳайратангези шумо ташриф оварда будам ва маро ду хонумони ҷавон роҳбаладӣ намуданд. Мутаассифона ман номи онҳоро фаромӯш кардам.
Агар имконпазир бошад, умед мекунам, ки Шумо онҳоро дарёфт карда метавонед ва ба онҳо ин аксҳоро ҳамчун таҳфаи хурде аз номи ман медиҳед. Ин донишҷӯён хеле зебо буданд ва сайри илмии таъсирбахш гузарониданд, муфассал фаҳмониданд ва таассуроти маро аз осорхона ва муҳити маҳаллӣ ғанӣ гардониданд.
Ташаккури беандоза барои кормандони аҷоиб ва бахусус ба он коромӯзон. Ин аз ҳама рангинтарин вақти ман дар Хуҷанд буд.
Бо эҳтиром ,
Гейл Танабе
кӯчаи Норманби 61, РД1
Тимару, Зеландияи Нав”
Бояд тазаккур дод, ки МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо донишгоҳҳои олӣ ҳамкории зич дорад ва донишҷӯён дар ин муассиса таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мегузаронанд. Ҳамчунин донишҷӯён имконият доранд ҳамчун волонтёр-коромӯз фаъолият баранд.