Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷамъбасти озмун

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” даври вилоятии озмуни ҳунарҳои ороишӣ аз санг бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамбаст гардид. Дар озмун ғолибони давраи минтақавӣ - ҳунармандон аз шаҳру навоҳии ҳудуди вилоят иштирок доштанд. Озмун дар асоси қарори Раиси вилоят таҳти №13 аз 13.01.2020 дар бораи баргузории озмуни вилоятии ҳунарҳои ороишӣ аз санг доир гардид.

Коркард ва омода намудани ороишот аз санг яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои коркарди сангҳои ороишӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доштанд. Дар шаҳрҳои бостонии Исфараву Истаравшан, Ҳисор, Кӯлобу Саразм аз қадимулайём ба ин касб этибори хоса медоданд ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ хеле рушд ёфта буд.

Мувофиқи Низомномаи озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон се ҷои ифтихорӣ муайян карда шуда, ҷои сеюм насиби Мансуров Алиҷон - ҳунарманд аз ноҳияи Шаҳристон бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ, ҷои дуюм насиби Ҳасанов Ҷамшед аз ш.Истиқлол бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 2000 сомонӣ ва ҷои якум насиби Усмонов Ғолиб аз ш.Хуҷанд бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мақсади баргузории озмун барои ҳавасмандгардонӣ, ихтироъкорӣ, тақвияти фаъолият, пешбурди навоварӣ дар соҳа ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маснуоти сангҳои қимматбаҳою ороишӣ истеҳсолгардида равона гардидааст. 

    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶамъбасти озмун
Scroll to Top