Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷамъбасти Раёсати фарҳанг

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 23-уми январ дар Қасри фарҳанги Суғдиён ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа маърӯзаи сардори Раёсати фарҳанги вилоят Қосимов Бахтиёр Иброҳимович оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати фарҳанг дар соли 2019 шунида шуда, вазифагузориҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд омода ва баргузор намудани чорабиниҳои чашни  дар пешистодаи фарҳанги ва сиёсӣ ба монанди Наврӯзи байналмиллал ва Сайри гули лола, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700-солагии бузургдошти шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразм, ки бо дастгирии ЮНЕСКО дар вилоят ҷашн гирифта мешавад, вазифагузорӣ карда шуданд.

Аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ фаъолияти зертобеъҳои Раёсати фарҳанг чуқур таҳлил карда шуда, пешниҳодҳо оид ба ҷалби мутахассисони ҷавон ва дар сатҳи баланди фарҳанги доир намудани чорабиниҳои дарпешистода ва татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, супоришҳо гузошта шуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз рӯи натиҷаи фаъолият муассисаҳои фарҳангие, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва грамотаҳо сарфароз гардонида буданд, тақдиронида шуданд. Аз ҷумла Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо Диплом барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих”, “Хона – осорхонаи Камоли Хуҷанди”-и маҷмаа бо Дипломи дараҷаи 1 барои ғолибият дар номинатсияи “Хона-осорхона” дар Озмуни ҷумҳуриявӣ ва Омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. бо Сипосномаи Раёсати фарҳанг ва Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи фарҳанги вилоят “Мутахассиси беҳтарин” барои фаъолияти пурсамар, меҳнати фидокорона, саҳмгузорӣ дар пешбурд ва рушди соҳаи фарҳанг, дар баргузориҳои чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ тақдиронида шуданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶамъбасти Раёсати фарҳанг
Scroll to Top