Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парчам – рамзи давлатдории тоҷикон ва нангу номуси миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

         “Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилваи рангҳои худ инъикос намудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон

         Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар боз як ҷашни таърихӣ, рӯзи саиду саодатбахш – Рӯзи Парчами давлатиро пешвоз мегиранд.

         Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ҳамчун истилоҳи ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ мавриди истифода аст.

         Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлату давлатдорӣ дар низоми сиёсии кишвар дорои аҳамияти бузург мебошад. Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишони соҳибихтиёрӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳокима ва тасдиқ гардида буд.

         Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

         Ҳамасола дар толори Осорхонаи таърихии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи намоишӣ ташкил мегардад, ки дар он китобу маҷаллаҳо ва акси парчамҳо  аз “Дирафши Ковиён” то замони муосир ба намоиш гузошта мешавад.

         Маъмурияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамаи сокинони Ҷумҳурӣ ва вилояти Суғдро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, хонаи обод, тандурустиву хушбахтӣ ва дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон барори кор орзу менамояд.

         Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватонони азиз!

        

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарчам – рамзи давлатдории тоҷикон ва нангу номуси миллат
Scroll to Top