Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Президент

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи таърихии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ доир гардид.

Конфронсро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба ин макони таърихию фарҳангӣ хайрамақдам гуфта, бо “Рӯзи Президент” табрик намуд.

Усмонова Фароғат-мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Вилояти Суғд, Шавкат Шарипов-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон-сарвари хирадпеша ва адолатпарвар”, Саидзода Шӯҳрат Шукур-номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, раиси Шӯрои олимони ҷавони вилояти таҳти мавзӯи “Пешвои миллат ва рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Умаралиева Ӯғулой-муовини Раиси собиқадорони ҲХДТ дар ш.Хуҷанд, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон-меъмори сулҳу ваҳдат ва адолатпарвар”, Хоҷаева Муҳаррамахон-мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Пешвои соҳибхираду фарҳангпарвар” иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Ҷалилов А.Р.-раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд, намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, муассисаҳои фарҳангӣ, устодон ва донишҷӯёни ДДХ ба номи ак.Бобоҷон Ғафуров ва ДДҲБСТ, омӯзгорони таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, рассомон ва намояндагони бахши суғдии Академияи мусаввирии Тоҷикистон, намояндагони ВАО-и шаҳру вилоят, кормандони МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд.

Ҳадаф аз баргузории конфронс дар қалби наврасону ҷавонон бедор намудани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва ифтихорӣ миллӣ мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Президент
Scroll to Top