Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 7 ноябри соли 2019 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ – адабӣ дар мавзӯи “Нақши сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ” баргузор гардид.

Конфронсро муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ сухани ифтитоҳӣ намуданд. Ҳамчунин, Худоёрова Нуринисо – директори МД “Пойгоҳи бостоншиносии Саразм” дар мавзӯи “Саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Саразм”, Ҳотам Раҷаби Асозода – директори генералии МД “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кулоб” дар мавзӯи “Муаррифии ёдгориҳои таърихии фарҳангии минтақаи Кулоб ва рушди сайёҳии зиёратӣ”, Бобомулоев Саидмурод – директори МД “Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон” таҳти мавзӯи “Муаррифии ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангии Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ”, Иброҳимов Иброҳим Сангинович – омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар мавзӯи “Нақши муассисаи давлатии Қалъаи Хуҷанд дар рушди сайёҳии кишвар”, Ҷобиров Зикрулло – директори МД “Мамнӯъгоҳи таърихӣ – фарҳангии “Қалъаи Ҳисор” таҳти унвони “Маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор дар рушди сайёҳӣ”, Сироҷов Авазхон – директори ширкати сайёҳии “Сайри Мунк” дар мавзӯи “Сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратии минтақаи Ховалинг” иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Мақсад аз баргузории конфронс дар солҳои 2019-2021, ки “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон, муаррифии ин объектҳо барои сайёҳони хориҷ хеле муфид арзёбӣ мегардад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақши сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ
Scroll to Top