Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намоиши маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намоиш ва фурӯши китоб, маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ, ҳамчунин ташкили барномаи фарҳангӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо доир гардида истодааст.

Дар ин муддат намояндагони н.Б.Ғафуров, шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва н.Деваштич ба сокинон ва меҳмонони маркази вилоят маҳсули дастранҷҳои ҳунармандон ва барномаи мағруби консертиро манзур намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шудааст.  

     

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамоиши маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ
Scroll to Top