Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Маъвои маънавият ва худшиносӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз оғози сол ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 193 адад ашёи дорои аҳаммияти таърихӣ ворид гардиданд.

Яке аз он ашёи мавриди назар нусхаи китоби хаттии қадимӣ ба забони форсӣ мебошад, ки таърихи зиёда аз 500-сола дорад. Китоби мазкур бо хатти настаълиқ таҳия гардида, “Маориҷу-н-нубуват” ном дорад.

Роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.

Дар ин замина барои муаррифии бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъа аз оғози сол то инҷониб дар осорхона ду конфронси илмӣ, ҳашт намоиш ва се вохӯрӣ ташкил гардид. Дар самти ғанӣ гардонидани фонди осорхона низ ду суратҷаласаи харидории ашёи дорои аҳаммияти таърихиву фарҳангӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 193 адад ашёи таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногун, ҳуҷҷатҳо ва нусхаи хаттии нодир, маводи замони муосир ба тариқи харид ва ройгон қабул шудаанд. Аз миқдори умумии ашё 71 адад ба фонди асосӣ ва 122 адад ба фонди ёрирасон ворид гардиданд.

Ҳамзамон давоми шаш моҳи соли равон аз Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” 37 ҳазору 800 нафар шаҳрвандону меҳмонони дохиливу хориҷӣ дидан намудаанд. Аз ин шумора 1224 нафарашон сайёҳон аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз Осорхонаи таърихӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, инчунин куҳандиз иборат буда, он яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии вилоят ба ҳисоб меравад.

Маҷмааи мазкур натанҳо дар рушди илму фарҳанг, балки дар равнақи соҳаи сайёҳии вилояти Суғд низ саҳми босазо дорад.

АМИТ “Ховар”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМаъвои маънавият ва худшиносӣ
Scroll to Top