Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2019

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мутобиқ ба қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супоришҳои МИҲД вилояти Суғд, ҷиҳати иҷроиши нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар бобати харидорӣ ва қабули ашёҳои таърихӣ ва фарҳангӣ 2 суратҷаласаи комиссияи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 193 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва нусхаи хаттии нодир, маводҳои замони муосир ба тариқи харидорӣ ва ройгон қабул гардиданд. Аз миқдори умумии 193 адад ашё 71 адад ба фонди асосӣ ва 122 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намояндагони Маркази мероси умумиҷаҳонии Дафтари минтақавии ЮНЕСКО бо роҳбарии Лю Ҷоу-профессори донишгоҳи Синхуа, сафири Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жаниш Русенбеков, Консули генералии Федератсияи Русия дар вилояти Суғд, директори шӯъбаи дастхатҳои Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев, Раиси иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Миср Ҳошим Абдуллазиз Ҳасан Радван, котиби генералии созмони ҳамкориҳои Шанхай Владимир Норов, роҳбари департаменти Осиёи миёна ва ғарбии Бонки рушди Осиё Гуолианг Ву, намояндагони бонки умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии Кейт Мондевайл, роҳбарони ҳайати расмии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Белорус ва Қирғизистон дидан намуданд.

Дар ин давра дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 8 маротиба намоиш, 3 маротиба вохӯрӣ ва 2 маротиба конфронси илмӣ баргузор гардид.

Ҳамагӣ теъдоди тамошобинон дар нимсолаи якуми соли 2019 аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 37802 нафарро ташкил дода, 1224 нафар тамошобинони аз хориҷии кишвар мебошанд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 24710 нафар буда, бо сайри илмӣ 13092 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра, дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 300 000 пиёзакҳои гули лола шинонида шуда, он пас аз анҷоми мавсим ба 145 000 дона гулҳои мавсимӣ иваз карда шуд. Ҳамчунин дар ҳудуди боғ 10 бех дарахти бодом, 10 бех чормағз, 9 бех арча, 4 бех кипарис, 22 бех шоҳбулут, 4 бех дарахти нахл, 6 бех навъи палвония, дар маҷмӯъ 65 адад дарахт шинонида ва поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзори чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ ба шакли дуруст дароварда шуд.

Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда, барои таҷлили солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2019
Scroll to Top