Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

"Мавоҳибун Алийя"-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

       Устувориву пойбарҷоии фарҳангу тамаддун аз талошҳои пай дар пайи муҳаққиқону донишмандон аст, ки доим дар кашфу нашри мероси фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.  Бешак, пешрафту тараққиёти инсонӣ дар хиттаҳои гунонгуни илмӣ натиҷаи интиқоли донишҳову андешаҳои башарӣ дар тӯли таърих аст, ки ин интиқол ҷуз ба китобату  навиштаҳо муяссар намешавад. Аз ин рӯ, нусхаҳои хаттӣ намудҳо ва намодҳои дурахшону бошукӯҳи таъриху тамаддун ва фарҳехтагии ҷомеаҳову миллатҳост. Бар ҳамин асос, дар ин навишта саъй шудааст, ки яке аз ганҷинаҳои пургавҳари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, ки таҳти унвони «Мавоҳибун алийя»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки дар ганҷинаи шуъбаи дастхатҳои Муассисаи давлатии «Маҷамаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд ва то кунун ба таври комил ба муомилоти илмӣ кашида нашудааст, ба дӯстдорони фарҳангу адаб муаррифӣ шавад ва бо ироаи гузорише дар маърази диду истифодаи алоқамандон қарор бигирад.

    «Мавоҳибун алийя»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз зумраи тафосири арзишмандест, ки дар байни роҳравону соликони фанни тафсир ҷойгоҳи махсусеро бархурдор аст. Асари номбурда бо номҳои «Тафсири Ҳусайнӣ» ва «Тафсири Мулло» низ ёд мешавад. Ин тафсир аз замони нигориш (қарни даҳуми ҳиҷрӣ) ва баъд аз тарафи мутахассисону донишмандон истиқболи густурда ёфтааст ва аз ҷумлаи тафсирҳоест, ки нисбатан бештар нусхабардорӣ шудааст.

     «Мавоҳибун алийя»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ суруда шуда, то имрӯз ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла, арабӣ, туркӣ, урду ва пашту тарҷума гардидааст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ асари номбурдаро бо насре равон ва сода навишта, матолиби фаровонеро дар ҳаҷме нисбатан андак ғунонидааст. 

     Нусхаи дастнависе, ки таҳти рақами 108 дар ганҷинаи шуъбаи дастхатҳои МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» нигоҳдорӣ мешавад, аз нусхаҳои нодире мебошад, ки дар ҳаҷми ҳазору ду сад саҳифа китобат гардидааст. Нусха тафсири комиле аз Қуръони карим дар як ҷилд бо дебоча ва тафсири сураи Ҳамд оғоз гардида, ба сураи Нос хатм мешавад. Мутаассифона, котиб ва соли китобат номаълум буда, аз навъи коғаз, хат, ҷилди китоб метавон чунин тахмин намуд, ки таърихи дусад-дусаду панҷоҳ сола дорад.

     Аҳамияти «Мавоҳибун алийя» танҳо ба далели шуҳрати он нест, балки таъсири он ба муфассирони арабу форсизабони баъдӣ низ бар аҳаммияти он меафзояд. Тафсири «Минҳоҷу-с-содиқин фӣ алзоми-л-мухолифин»-и Фатҳуллоҳи Кошонӣ аз зумраи чунин татаббуъҳост. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки китоби «Мавоҳибун алийя»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз арзишмандтарин осори ғаронбаҳои мардуми тоҷик буда, таҷассумгари илму маърифат ва фарҳанги ғании мо мебошад. 

     Дар интиҳо бояд қайд намуд, ки дар тасҳеҳу нашр намудани нусхаҳои хаттӣ фавоиди зиёде нуҳуфтааст, ки аз ҷумлаи онҳо ошно кардани насли имрӯз бо гузашта, фарҳангу забон ва ҳуввияти худу афроди ин марзу бум аст. Илова бар ин, нусхаҳои куҳан моро бо мабонии фикриву эътиқодӣ, одобу русум, забону адабиёт ва фарҳанги миллати куҳансоли тоҷик ошно мекунад. Ба тавре, ки аз сатр ба сатри ин осор, метавон сайри таҳаввулоти фарҳангиву таърихиро мавриди мутолеа қарор дод ва аз фоидаҳои онҳо баҳраманд гардид. Ва, инчунин, тасҳеҳи нусхаҳои куҳан дар ҳақиқат эҳёву бознамоии абъоди пӯшидаи фарҳанг ва таъриху тамаддуни мост ва он чизе аст, ки эътибору азамати фарҳанги миллати мо дар гарави он аст. Бино бар ин, бар уҳдаи ҳар насл аст, ки мероси пурарҷи худро пос бидорад ва барои шинохти таъриху фарҳанг ва адабу савобиқи илмии худ ба эҳёву бозсозии онҳо эҳтимом варзад, то ба ин тариқ саҳме ҳарчанд кӯтоҳ дар интиқоли ин ҳуввият номаҳо ба ояндагон дошта бошад.

 

                                                                                                                                                                                                                                                    Иззатбек Шехимов

                                                                                                                                                                                                                           мудири шуъбаи дастхатҳо ва                                                                                                                                                                                                                           табъу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО "Мавоҳибун Алийя"-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Scroll to Top