Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Соли нав ва таърихи он

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамаи мо, дӯстону наздикон сари як пиёла чой нишастану сӯҳбат намуданро дар ҷашну маъракаҳо меписандем. Дар дунё намудҳои гуногуни иду ҷашнвораҳо хеле зиёданд. Ҳоло мо дар арафаи ҷашни Соли нави милодӣ қарор дорем. Ин ҷашн ба худ хос таърихе дорад:

Соли нав - яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Мисриён дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.

Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд. Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи ҷашни Соли нав рӯзи якуми моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дигараш ба пеш ба Соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар тӯҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император тӯҳфаҳо медоданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон тӯҳфа даъво мекарданд.

Императори Рим Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ тӯҳфаҳо мегирифт ва онро дар дафтари махсус қайд мекард.

Дар Бобулистони Қадим Соли навро дар фасли баҳор ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор – шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бар мегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бармегашт. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва як қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошад. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон тӯҳфаҳо меситониданд. Одатан тиллову ҷавоҳирот тӯҳфа мекарданд. Пас аз чандин асрҳо малика Елизавета I маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд.

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон оиди рӯзи ҷашнгириро ба 1 январи соли 1752 гузарониданд.

Дар замони қадим Соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро ки дар ин давра табиат аз нав зинда мешуд. Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Дар соли 1699 Пётр I баъд аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсус солшумориро аз 1 январ бо оро додани арча оғоз намуд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.

Тачлили соли нави милодӣ бо ороиши арча солҳои 20-уми асри XX аз чониби зимомдорони шуравй ҳамчун анъанаи куҳнаи бойи-феодалӣ манъ карда шуд ва танҳо соли 1936 дубора эҳё гардид. Бобои Барфӣ ва Барфак дар қаламрави шуравӣ аз соли 1937 иҷозаи фаъолият гирифтаанд. Аз 23 декабри соли 1947 бо фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ давом дорад ва 1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст. Дар Соли нав ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат ва амалигардии кулли орзуҳо ба ҳамдигар тӯҳфа тақдим менамоянд. Тӯҳфаи аз ҳама беҳтарин дар Соли нав ин худи Бобои барфӣ мебошад. Соли нав бе Бобои барфӣ соли нав нест. Саволе ба миён меояд, ки Бобои барфӣ аз куҷо пайдо шудааст ва чаро шоми охирини соли кӯҳнаро ӯ ва наберааш пурратар месозанд?

Таърихи пайдоиши Бобои барфӣ ба асри XIX рост меояд. Ин марди солхӯрдаи дорои риши дароз на танҳо дар маҳфили солинавӣ ташриф меорад, балки бо худ ҳазору як тӯҳфаҳои ғайриоддиро армуғон меорад. Дар мамолики мухталифи дунё Бобои барфиро ҳар гуна номгузорӣ мекунанд: Санта-Клаус, Пэр-Ноэл, Юлниссаар, Йыулувана, Қор Бобо… Бобои барфии итолиёвиҳо бошад, зан аст ва ӯро БЕФАНА номгузорӣ кардаанд. Руминиҳо бошанд, Бобои барфиро Мош Джерилэ ном гузоштаанд. Дар Ӯзбекистон Қор Бобо ва Озарбойҷон Шахта Баба мегӯянд. Дар давлатҳои мусалмон бошад, ХИЗИР ИЛЁС ном додаанд. Ҳар намуд ва номе, ки нагузоранд, дар ҳамаи давлатхо Бобои барфиро интизоранд ва шоми соли нав набудани Бобои барфӣ амри махол аст.

Мӯъҷизаи дигари Соли нав ин ороиши дарахти арча аст. Мувофиқи анъанаҳо дар хона арчаи соли навӣ гузошта мешавад. Дар бисёр кишварҳо онро дар Мавлуди Исо мегузоранд. Арчаро бо бозичаҳои гуногун оро медиҳанд.

Ҳангоми пешвози Соли нав наздикон дар гирди дастурхон ҷамъ мешаванд. Яке аз усулҳои ҷашнгирии Соли Нав ин аст, ки ҷамъомадагон аввал соли кӯҳнаро “гусел мекунанд” – хотираҳои дар он сол ва хушиҳои солҳои гузаштаро ба ёд меоранд. Ҳангоми оғози Соли нав қабул шудааст, ки шахс барои ояндааш орзуву нияти нек кунад.

Кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ Соли навро бо омодагии зиёд истиқбол менамоянд. Дар саҳни муассиса дарахти арча оро дода шудааст. Дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ бо истифода аз табрикнома (открытка)-ҳои солҳои 70-80-уми асри XX созмон дода мешавад. Кормандони осорхона тамошобинонро бо сару либоси қаҳрамонҳои афсонавӣ – Бобои барфӣ ва Барфак пешвоз гирифта, сайри илмии таърихӣ мегузаронанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСоли нав ва таърихи он
Scroll to Top