Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таноброҳа дар Хуҷандшаҳр

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Иди касбии сохтмончиён дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” санги асос ва нома ба наслҳои оянда бар пояи таноброҳа бо иштироки Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ бо тантана гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки имрӯзҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят давоми 3 соли оянда зиёда аз 3000 адад иншоот сохта ва ба истифода дода мешавад ва ба ин васила ин гӯшаи ватанамон боз ҳам ободу зебо мегардад. Ҳамчунин Раиси вилоят оиди рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ва вилоят сухан ронда, мақсади поягузории танобраҳаро, ки сокинон ва сайёҳони вилоят аз он баҳраманд мегарданд ва истироҳат менамоянд, баён намуданд.

Дар доираи эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Хуҷанд роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад. Роҳи танобӣ дорои 47 кобина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кобинаи хизматрасони олӣ буда, дар як вақт барои 160 нафар хизматрасонӣ менамояд.

Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, баъди ба истифода додани он 16 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Абдурашид» буда, масолеҳи сохтмонӣ пурра ватанӣ мебошад. Интизор меравад, ки роҳи танобӣ охири соли равон мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки алҳол дар Тоҷикистон ду роҳи танобӣ амал менамояд: яке дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ва дигаре дар “Сафеддара”-и Варзоб.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаноброҳа дар Хуҷандшаҳр
Scroll to Top