Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхонаҳо – макони таъриху тамаддун

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи 18-уми май Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо эълон гардидааст. Аз ин хотир дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори ин рӯз конфронси илмӣ таҳти мавзӯи “Осорхонаҳо – макони таъриху тамаддун” доир гардид.

Дар кори конфронс намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намоянда аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, осорхонаҳои шахсӣ ва мактабӣ, олимону адибон, донишҷӯён-таҷрибаомӯзони ДДХ ба номи Б.Ғафуров, кормандони МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Омири кулли МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов конфронсро оғоз намуда, ҳамагонро бо иди касбиашон шодбош гуфта, зикр доштанд, ки алҳол осорхонаҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз пеш доираи фаъолияти худро вусъат бахшида истода, дар айни замон дар вилоят 2 осорхонаи Ҷумҳуриявӣ, 9 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 1 Осорхонаи таърихии вилоятӣ, Хона-осорхонаҳои Мирзо Турсунзода, Муҳиддин Аминзода, Д.Дӯстмуҳаммадов, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз, Эргашбойбачча фаъолият доранд.

Ф.Усмонова – мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Осорхона тарғибгари мероси ниёгон”, Г.Раҳимова – директори осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара дар хусуси “Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Қ.Раҳимова – ҷонишини омир оид ба корҳои илмии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо маърӯзаи “Осорхонаи таърихӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Х.Алиев – мушовир оид ба корҳои сайёҳӣ таҳти мавзӯи “Роҳбалад дар замони муосир”, А.Раҳимов – мудири шуъбаи сайёҳии МИҲД вилояти Суғд, А.Раупов – омири кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара, Б.Темирзода – намояндаи Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳ.Холҷӯраев –профессор, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Б.Ғафуров, З.Умарова – сармутахассиси шуъбаи Маорифи МИҲД шаҳри Хуҷанд, М.Бойматов – омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуда, бо аҳли нишаст оид ба баланд бардоштани хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихию саёҳатӣ саволу ҷавоб доир намуданд.

Қайд гардид, ки санаи 18-уми май бахшида ба ин ҷашн осорхонаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аксияи ”Шаби осорхонаҳо”-ро доир намуда, қабули тамошобинонро аз соати 16-00 то 22-00 ройгон анҷом медиҳад. Инчунин намоиши ашёҳои мардумшиносии ҷамъоварандагони ашёҳои таърихии М.Маҳмудов, А.Алиев, М.Мамадҷонов дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд баргузор мегардад.

Марҳамат ба намоиш!

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхонаҳо – макони таъриху тамаддун
Scroll to Top