Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

Боздиди Раиси вилоят аз МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар маркази вилоят шинос шуд. Раиси вилоят нахуст ба Қалъаи Хуҷанд, ки яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии маркази вилоят маҳсуб меёбад, ташриф оварда, бо олимону таърихшиносон ва рассомону сохтмончиён машварати корӣ доир намуд. Дар машварат иттилоъ дода шуд, ки дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қалъаи Хуҷанд таҷдид гардида, ба макони ободу сарсабз табдил дода хоҳад шуд. Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгир буда, қабл аз ин дар солҳои гуногун навсозӣ шудааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо мутахассисон иброз дошт, ки навсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монд шуда, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ нишонаҳои таърихии қалъа ҳифз карда шавад.

Дар идомаи машварат чанде аз олимону таърихшиносон доир ба таърихи Қалъаи Хуҷанд ибрози андеша намуда, навсозии онро барои ҳифзу нигаҳдории ин ёдгории таърихӣ кори муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Сипас, Раиси вилоят бо вазъи кунунии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҷойгир аст, шинос гардида, барои боз ҳам ободу назаррабо намудани ин мавзеи истироҳатӣ тавсияҳо дод. Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи саёҳатии арғамчинӣ бунёд карда мешавад. Амалишавии ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Дарозии роҳи арғамчинӣ 1 километрро ташкил медиҳад ва тибқи лоиҳаҳои пешакӣ баландии он дар бархе ҷойҳо то 35 метрро дар бар мегирад. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати иҷрои тарҳи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди Раиси вилоят аз МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Scroll to Top