Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

САДА МУЖДАИ НАХУСТИ БАҲОР АСТ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Офаридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30 - юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Дар замони бостон шоми ҷашни Сада болои теппаву кӯҳҳо ва ё бомҳо баромада, аз ҳезуме хушк оташ бармеафрӯхтанд ва дар атрофи он таронаҳо хонда, рафтани сармо ва расидани гарморо орзу мекарданд. Ҷашни Сада, мисли дигар ҷашнҳои мардуми шаҳрнишину кӯҳнишини эронинажод, бештар ба шароити иқлимӣ, рухдодҳои кайҳонӣ ва омодагириҳои киштварзӣ вобастагӣ дорад.

Иддае аз донишмандон вожаи "сада" ро баргирифта аз шумораи "сад" медонанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар "Осор - ул - боқия" навиштааст: "Сада гӯянд, яъне 100 ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона бишуморанд миёни он ва охири сол адади 100 ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс - падари нахустин, дуруст 100 тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Маши ва Машиёна ба 100 расиданд ва низ омада: шумори фарзандони одам, Абулбашар дар ин рӯз ба 100 расид."

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум интизорӣ кашида, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

Иди Сада муборак ҳамдиёрони азиз!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСАДА МУЖДАИ НАХУСТИ БАҲОР АСТ
Scroll to Top