Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

Намоиши мусаввараҳо таҳти мавзӯи “Нақши ҳаёт”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Бахшида ба ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми таърихии тақдирсоз ва 20-солагии фаъолияти эҷодии Абдураҳим Ҷабборов рассом-монументалист, аъзои Академияи мусаввири Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи рассомони Русия, барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон санаи 2-уми ноябри соли равон дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ифтитоҳи намоиши асарҳои А.Ҷабборов таҳти мавзӯи “Нақши ҳаёт” баргузор гардид.



Чорабиниро омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҳаёт ва фаъолияти эҷодии рассом А.Ҷабборов шинос намуд.


 

Дар расми кушоди намоиш намоянда аз Консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд  - Апканиев Г.Б. ва роҳбари намояндагии ташкилоти РОССОТРУДНИЧЕСТВО - Иванов И.С., Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Аҳмадҷони Раҳматзод, муовини ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров оид ба илм ва инноватсия - Сабуров Х.М., Раиси бахши суғдии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон - Н.Эшонова, намояндагони ҷамъияти Дӯстӣ ва равобити фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ - А.Султонов ва Н.Солиҷонов, намояндагони идора ва ташкилотҳои Раёсати фарҳангии вилоят, устодон ва донишҷӯёни  ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, донишҷӯёни коллеҷи санъат ба номи С.Ҳофиз ва намояндагони ВАО иштирок  намуданд.

 

 

Дар намоиш 68 адад асарҳои эҷод намудаи А.Ҷабборов дар солҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд.

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамоиши мусаввараҳо таҳти мавзӯи “Нақши ҳаёт”
Scroll to Top