Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

Маҳфили илмӣ - адабии “Китоб сармояи бебаҳо”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 29-уми августи соли равон дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” маҳфили илмӣ - адабии “Китоб сармояи бебаҳо” баргузор гардид.

Дар маҳфил устодони донишкадаҳои давлатии вилоят, намояндагони иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, донишҷӯён, кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Ба маҳфил омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” – И.С.Иброҳимов сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

Дар чорабинӣ Фахриддин Насриддинов - доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар мавзӯи “Нақши китоб дар ташаккули худшиносӣ ”, “Аз таърихи китобдорӣ ва китобсозии тоҷикон” - номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони форсии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров - Ислом Раҳимов, “Мақом ва манзалати китоб дар замони муосир” –номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров – Саидумрон Саидов, “Китобҳои нодир аз тадрисгоҳи Камоли Хуҷандӣ” –мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” –Аҳадов Абдуҳафиз, “Китоб дар ашъори шоирон” - муовини директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” - Баҳром Раҳматов, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамчунин, бо истифода аз китобҳои тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва фонди Осорхонаи таърихӣ китоб ва дастхатҳои нодир ба намоиш гузошта шуд.

Маҳфилро сурудҳои классикии ҳофизи ҷавон Ҳалимҷон Салимӣ ҳусни тозае бахшид.

Дар фарҷом меҳмонон ба сайри илмии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ таклиф карда шуданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМаҳфили илмӣ - адабии “Китоб сармояи бебаҳо”
Scroll to Top