Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

Дар Боғи Камоли Хуҷандӣ намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ВМКБ ва Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор гардид

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” зиёратгоҳи сокинон ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ буда, ҳамарӯза ҳазорҳо тамошобинон аз ҳудуди зебоманзари маҷмаа дидан намуда, истироҳат менамоянд.

 

Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади равобити вилоятҳои ҷумҳурӣ санаҳои 21-25 августи соли равон ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Санаи 24 август дар “Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ”-и Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар доираи ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ВМКБ ва Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор гардид.

Сокинони ВМКБ дар ин намоишгоҳ беш аз 1000 номгӯйи молу маҳсулотро аз қабили маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ барои мардуми вилояти Суғд пешкаш намуданд.

Намоиш аз мусаввараҳои асарҳои рассомони чирадасти бадахшонӣ оғоз гардид.

Дар намоиш махсусан хушкмеваҳо ба монанди: тутқоқ, себқоқ, зардолуқоқ, олуқоқ, гелосқоқ, мавиз, чормағз ва намунаи гиёҳҳои шифобахши кӯҳистони Помир диққатангез буд. Таомҳои миллии бадахшониён ба монанди: шакароб, қурутоб, оши бурида, ширбиринҷ, қаймоқчой, атолаи ширӣ, намудҳои гуногуни нон: нони равғанин, кулча, чаппотӣ, қатлама ва шириниҳо ба намоиш гузошта шуда буданд.

Аз ҳунарҳои миллӣ ба намоиш намунаи либосдӯзӣ, кашидадӯзӣ, кешбофӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯробҳои помирӣ, ороишоти занона аз сангҳои қимматбаҳо, сабадбофӣ, асбобҳои рӯзғори чӯбин пешкаши тамошобинон гардид.

Аз намоишгоҳи мазкур Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Олуфта Бодурӣ, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед боздид намуданд.

Роҳбарони вилоятҳои Суғду ВМКБ аз намоишгоҳи мазкур боздид намуда, бо маҳсули дастони пурэъҷози сокинони Бадахшон аз наздик ошно гардиданд.

Ҳамчунин, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед пас аз анҷоми намоишгоҳ ба макони баргузории Фестивал – озмуни “Оши палав” омада, бо ҷараёни омодасозии Оши палави иштирокчиёни ҷашнвора шинос гардиданд.

Дар фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар сад дег навъҳои гуногуни палави тоҷикиро омода ва пешниҳод намуданд. Дар доираи Фестивал – озмуни “Оши палав” инчунин озмунҳои анъанавии “Ошхури беҳтарин” ва “Дастони моҳир” гузаронида шуданд. Дар бахши “Ошхури беҳтарин” 20 нафар дӯстдорони оши палав иштирок намуданд.

Дар поёни Фестивал – озмуни “Оши палав” ғолибони озмун дар бахшҳои гуногун муайян ва бо диплому мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Меҳмонон ба пайкараи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ гулчамбар гузошта, мақбара ва Хона-музейи Камоли Хуҷандиро дидан карда, ба дафтари хотироти Хона-музей таассуроти худро чунин иброз намуданд: “Мо дар ҳошияи рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз осорхонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ, мақбараи рамзӣ ва боғ дидан намудем ва як лаҳза худро дар олами дигар, дар асри XIV бо Хоҷа Камол дарёфтем.

Мо хеле мутаассир ва хушҳол гаштем, ки чунин кор бо ҳидояти Пешвои муаззами кишвар ва Раиси вилояти Суғд, инсони соҳибфазлу таърихдон боғро барқарор сохта, вилоят таърих ва нигораҳои осори замони Шайх Камоли Хуҷандиро нигоҳ медорад.”

Бо эҳтиром Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар Боғи Камоли Хуҷандӣ намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ВМКБ ва Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор гардид
Scroll to Top