Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имсол 72 – умин солгарди Иди Ғалаба бар Германияи фашизм қайд карда мешавад. Чуноне, ки маълум аст ҳар сол мардуми тараққипарвари ҷаҳон, он касоне, ки сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ ва ҳамзистии осоишта барояшон азизу муқаддасанд, 9 – майро ҳамчун Иди Ғалаба, чун рӯзи ёдбуди тамоми шоҳидони ҷанги хонумонсӯз самимона қайд менамоянд. Солҳо мегузаранд, вале он рӯз ҳамчун рӯзи тантанаи ҳаёт аз болои марг, ғалабаи хирад бар ғояи фашизм, инсондӯстӣ бар ҷаҳолат дар дилу хотири халқ ҷовидон боқӣ мемонад.

Чуноне, ки аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, корномаву диловарии фарзандони бору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзу оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад. Ҳамчунин, тақвияти рӯҳияи сарбозону афсарон ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва ифтихори миллӣ самтҳои муҳими кори тарбиявӣ мебошанд, ки дар ин раванд низ таҷрибаи собиқадорон роҳнамои беҳтарин ба шумор меравад. Аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ вақти зиёд гузашта бошад ҳам, мардуми диёрамон қаҳрамонию корнамоиҳои ҷанговарони ҷасуру қавииродаро асло ҳам фаромӯш намекунанд. Ҷанги хонумонсӯз ваҳдату масъулиятшиносӣ ва ҷоннисории ҷанговаронро баҳри ҳифзи Ватан ва нангу номус собит намуд. Дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробари дигар халқҳо фарзандони некноми Тоҷикистон низ ҷонбозиҳо карда, рӯзи музаффариятро наздик гардонданд.

Корнамоиҳою қаҳрамониҳои ҳамдиёрамон Домулло Азизов, Ҳоди Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Раҳимбой Раҳматов, Фатҳулло Ахмедов, Тӯйчи Эрйигитов, Саиднафеъ Саидвалиев, Пӯлод Отаев ва садҳо дигарон дар китоби таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд.

Аз ҷониби муаррихони тоҷик чунин далелу рақамҳо мисол оварда шудааст, ки дар муддати ҷанги тӯлонӣ аз Тоҷикистон 278 ҳазор нафар сарбозону афсарон ба сафи артиш даъват шудаанд. Бештар аз 90 ҳазор нафари онҳо дар майдони набард ҳалок шуда, беному нишон гаштанд, зиёда аз 50 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳои Иттиходи Шуравӣ мушарраф шуданд, қариб 60 нафари онҳо соҳиби унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» ва 15 нафар сазовори се ордени «Шараф» гардиданд.

Аз он ҷумла, аз вилояти Суғд 68 ҳазор нафар дар ҷанг иштирок карданд, ки 28 ҳазор нафари онҳо ҳалок гардидаанд. Инчунин 66 нафар тоҷикдухтарон ба ҷанг сафарбар карда шуданд, ки аз байни онҳо Ҷаннат Раҳимова, Саодат Алибоева, Назира Умарова, Ойгул Мамадҷонова, Инъомхон Қурбонова бо қаҳрамонию корнамоиҳои ҷангӣ сазовори обрӯю эътибор гардидаанд.

Ҳукумати Шӯравӣ хизматҳои ҷанговарони тоҷикро ба назар гирифта, 102 ҳазор коркунони хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шуданд.

Рӯзи Ғалабаро чун ҳарсола мардуми вилояти мо ҳам бо комёбиҳои меҳнатию корҳои нек истиқбол мегиранд. Дар аксарияти корхонаю муассисаҳо, хоҷагию мактабҳо вохӯриҳои собиқадорони ҷангу меҳнат бо ҷавонон баргузор гардида, дар кори тарбияи ватандӯстӣ, ба камол расидани насли нави муҳофизони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо иди фараҳбахш – Рӯзи Ғалаба самимона муборакбод намуда, ба онҳо тинҷиву хотирҷамъӣ, саломатии қавӣ, бурдбориву комёбиҳо орзу менамоем. Дар ин рӯзҳои ёдбуд номи азизи ҳамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро ба хотир оварда, мегӯем: Корнамоиҳои Шумо ҷовидонанд. Шод бод рӯҳи поку муқаддасатон!!!   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚаҳрамонон ҳаргиз намемиранд
Scroll to Top