User Rating: 



/ 0
- Details
-
25.11.2026 10:04
-
Азназаргузаронӣ: 7
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба фасли зимистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сабзиши хуби растаниҳо дар мавсими баҳор, дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” корҳои мавсими ободонӣ вусъати тоза касб менамояд.
Айни замон дар ҳудуди боғ, аз ҷумла майдончаҳо, гулгаштҳо ва қисмати даромадгоҳ, корҳои нарм намудани хок бо истифода аз техникаи махсуси кишоварзӣ ба роҳ монда шудаанд. Заминҳои гулзор ва дигар қитъаҳои кабудизоршуда тавассути дастгоҳи махсус побел ва нарм карда шуда, барои гузаронидани фасли зимистон ва омодагӣ ба мавсими нави сабзиш таҳия мегарданд. Ин тадбир аз ҷумлаи корҳои муҳими агротехникӣ ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардидани сохтори хок, нигоҳ доштани намӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи гулҳои ороишӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки омодасозии саривақтии заминҳо ба фасли сармо яке аз омилҳои муҳими нигоҳубини дурусти гулу гулбуттаҳо ва сабзазорҳо ба шумор меравад. Зеро маҳз бо андешидани тадбирҳои зарурӣ дар фасли тирамоҳу зимистон метавон барои шукуфоии гулгаштҳо ва сабзиши сарсабзи гулбуттаҳо дар фасли баҳор заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бале, корҳои анҷомёбанда бозгӯи таваҷҷуҳ ба ҳифзи муҳити зист, беҳдошти фазои сабз ва ободони буда, барои дар фаслҳои гуногуни сол фароҳам овардани муҳити зебову дилнишин дар ин макони фарҳангиву фароғатӣ мусоидат хоҳад кард.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан