Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Такмили фонди осорхона тавассути харидории ашёи арзишманд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти осорхона дар самти ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ин ғанӣ гардонидани фонди осорхона бо маводҳои нодир ва арзишманди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ба хотири такмил ва ғанӣ гардонидани фонди осорхона, кормандони илмии муассиса дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва таблиғотиро ба роҳ монда, шаҳрвандонро барои пешниҳод намудани ашё ва маводи таърихии дар ихтиёрашон қарордошта ҷалб менамояд. Ин маводҳо метавонанд ашёи рӯзгор, либосҳои миллӣ, намунаҳои ҳунармҳои мардумӣ, асбобу олоти меҳнат, зебу зиннат, зарфҳо, дастхатҳову китобҳои нодир ва ғайраҳо бошанд.
Бо ҳамин мақсад санаи 12.11.2026 ҷаласаи комиссияи харидории навбатии назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузаронида шуд. Дар ин ҷаласа аз шаҳрванди шаҳри Хуҷанд як адад сӯзании дастидӯзи “Пайпоқи уштур” пешниҳод гардида, он аз тарафи аъзоёни ин ҷаласа муҳокима ва харидорӣ карда шуд.
Сӯзании мазкур намунаи ҳунари волои гулдӯзӣ буда, дар заминаи матои рангаш зардчатоб, бо риштаҳои ранга дӯхта шудааст. Дар маркази сӯзанӣ дар дохили нақши ситораи ҳаштгӯша нақши калони даврагул бо ранги бунафш дӯхта шудааст. Гирдогирди он бошад, 46 адад даврагулҳои нисбатан хурд, инчунин нақшҳои қаламфуру гулу баргҳо гулдӯзӣ ва гирдогирди ҳошияи он бо маҷмӯи нақшҳо оро дода шудааст. Ҳолаташ хуб буда, андозааш 380х190 мебошад.
Умуман гулдӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, бо сӯзан ва чангакҳои махсус дар рӯи матоъҳои гуногун бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои заррину нуқрагин дастӣ иҷро карда мешавад. Сӯзанӣ бошад як навъи ин санъат буда, мардуми тоҷик онро асосан барои ороиши хона ва таҷлили маросимҳои анъанавӣ истифода мебаранд. Сӯзаниҳои тоҷикон вобаста ба тарзу тариқаи зиндагӣ ва мавқеи зист аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Хурсанидовар аст, ки ҳунармандони мардумӣ то ҳол анъанаи ин ҳунари қадимаро идома дода, барои наслҳои оянда ҳамчун мероси арзишманди фарҳангӣ боқӣ гузошта истодаанд.
Дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд, дар ҳавлии дӯзанда ҳунармандон бо дӯхтани сӯзаниву дигар намудҳои гулдӯзӣ машғул мебошанд, ки далели гуфтаҳои боло мебошад.
Ҳамчунин намунаи қадимаи сӯзаниҳои дастидӯз дар толорҳои намоишии маҷмаа ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Сӯзании навхаридоригардида низ, идомаи анъанаи ҳунари гулдӯзии миллӣ буда, барои ғанигардонии коллексияи соҳавии махзани осорхона, баргузории намоишҳои осорхонавӣ ва сайёр судманд мебошад.
Дилором Саидова – корманди илмии шуъбаи таърихи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТакмили фонди осорхона тавассути харидории ашёи арзишманд
Scroll to Top