Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парчами давлатӣ – таҷассумгари таърих, фарҳанг ва ҳастии миллати точик

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад. Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад.
Парчам дар таърихи давлатдорӣ ва тамаддуни башарӣ яке аз муқаддастарин рамзҳо ба шумор меравад. Он на танҳо нишонаи расмии як кишвар, балки ифодагари ҳувият, ифтихори миллӣ, ормонҳои таърихӣ ва соҳибихтиёрии ҳар як халқу миллат аст. Барои миллати тоҷик, ки соҳиби таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғанӣ мебошад, парчамдорӣ решаҳои амиқ дорад.
Таърихи парчамдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳои пеш мерасад. Нахустин нишонаҳои парчам дар миёни қавмҳои ориёӣ ҳамчун рамзи ваҳдат, пирӯзӣ ва муқовимат ба зулму истибдод ба вуҷуд омадаанд. Машҳуртарин намунаи он “Дирафши Ковиён” мебошад, ки дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ бо ифтихор тасвир шудааст.
Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ, Коваи оҳангар пешдомани чармии худро ба сари найза кашида, мардумро ба мубориза бар зидди Заҳҳок даъват намуд. Пас аз пирӯзӣ, Фаридуншоҳ онро бо зару зевар ва сангҳои қиматбаҳо оро дода, номи “Дирафши Ковиён”-ро гузошт. Ин дирафш тӯли асрҳо ҳамчун рамзи озодӣ ва давлатдории ниёгони мо хизмат кардааст.
Мшенигарем ба таърих ва парчамдории тоҷикон дар ду садсолаи охир, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар қатори ашёи рӯзгор, намунаи ҳунарҳои халқӣ нишони иҷтимоиёт, фарҳанг, санъат, ҳуҷҷат ва санадҳо, мӯҳру соядаст, рамзу нишон акси парчамҳои гуногун маҳфуз дошта мешаванд.
Ҳамчунин дар давраҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва бахусус дар замони давлати мутамаркази Сомониён, Ғазнавиён, Ғурриён, Муғулҳо, Темуриён парчамдорони тоҷик бо рангҳо ва нақшҳои хоси худ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда буданд.
Масалан дар акси парчами Аморати Бухоро рангҳои сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарҳалӣ дида мешавад.
Бо ғалабаи Инқилоби Халқӣ дар Бухоро 2 сентябри соли 1920 ва таъсисёбии Ҷумҳуриии Халқии Шӯравии Бухоро парчами нав қабул карда шуд. Ҳангоми муқоиса, ин парчам аз парчами Аморати Бухоро тафовути куллӣ надошт. Баъди се сол ин парчам пурра ранги сурх гирифт. Бо ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон баъди гузаронидани тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ дар Осиёи Миёна парчами ҷумҳурии навтаъсис пурра ранги сурх дошта, дар канори чапи он тавсири доси тоҷикӣ, болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон бо ҳам оед» ҷойгир шудааст. Вақте ки Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929 таъсис меёбад, дар парчам дигаргунӣ ворид карда мешавад. 24 уми феврали соли 1931 констиутсияи Тоҷикистон қабул карда мешавад ва аз ин лиҳоз, парчами Тоҷикистон дигаргун мешавад.
Парчами Иттиҳоди Шӯравӣ аз матои сурх ва дар гӯшаи он акси досу болға иборат буд, ки кулли сокинони ин давлатро муттаҳид месохт. Дос ифодагари манзалати синфи деҳқон ва болға нишони бузургии синфи коргар ба шумор мерафт. Солҳои 40-уми асри XX зери ин парчам мардум ба мубориза бархостанд ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллионҳо нафар сокинони мамлакат ҷони худро барои ҳимояи Ватан бо муқаддасдории парчами давлат нисор карданд. Барои то Берлин расидани парчами ғолибият садҳо ҷон қурбон гашта, Кантари ва Егоров Парчами Давлати муқтадири Шӯравиро дар болои бинои Рейхстаг чун нишони ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашистон насб карданд.
Дар замони ҳукмронии Давлати Шӯравӣ чун рамзи муқаддасии Парчам, ки бо номи байрақ машҳур буд, мукофоти давлатии Байрақи Сурхи меҳнат, Байрақи сурхи сайёр ва Байрақи ғолибият вуҷуд дошт. Касоне ба ин мукофот сазовор мегаштанд, ки барои оромии ҷомеа, рушди сиёсату иқтисод, илм, адабиёт ва фарҳанг хизмати шоиста кардаанд.
Охирин парчами давраи шӯравии Тоҷикистон соли 1953 қабул гардида буд, ки аз рахҳои сурх, сафед ва сабз иборат буд, вале нишонаҳои идеологияи ҳамон замонро дошт.
Баъди пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ ва ба истиқлолият расидани ҷамоҳири он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошанд. Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ин амри зарурро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 19 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри фарҳангии хоҷагии ҷамоавии ба номи С.Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд, муҳокима ва қабул карда шуд. Ин Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз оғози таърихи навини тоҷикон маҳсуб мешавад. Бино ба маълумоти ғолиби озмун, аъзои мусавирони Тоҷикистон Сайдалиев Маҳмадулло зиёда аз 100 нафар тарҳу ангора ва шарҳи хаттии худро пешниҳод карда буданд ва бо машварат ва ақлу хиради зиёиён, олимон, сиёсатмадорон хоссатан, аллома Муҳаммад Осимӣ шакли имрӯзаи яке аз муқаддасоти давлати тоҷикон Парчами Тоҷикистон муҳокима карда шуда, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосия XVI Шӯрои Олӣ қабул гардид.
Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қасри сулҳовар парафшонӣ кард ва Раиси навинтихобшудаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар баландтарин парчампояҳои ҷаҳон, дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшонӣ мекунад. Моҳи августи соли 2011 дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе парчампояе бо баландии 165 метр бунёд гардид, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ — эҳтиром ба таърих, гузаштагон, имрӯз ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин муқаддасоти миллиро гиромӣ дорад ва барои баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
Нодира Олимова ҷонишини омир
оид ба корҳои илмии
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарчами давлатӣ – таҷассумгари таърих, фарҳанг ва ҳастии миллати точик
Scroll to Top