User Rating: 



/ 0
- Details
-
25.11.2026 09:31
-
Азназаргузаронӣ: 8
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии бошукуҳи идона баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, донишгоҳҳоии олӣ ва касбӣ, устодону омӯзгорон, донишҷӯён, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар ин чорабинии бошукуҳи ватандӯстона кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”низ дар қатори дигар намояндагони муассисаҳо иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ аз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ карданд.
Роҳпаймоии идона аз назди хиёбони кӯчаи Раҳмон Набиев оғоз гардида, иштирокчиён бо қадамҳои устувор ва руҳияи баланди ватандӯстӣ то назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳаракат намуданд. Дар фазои тантанавӣ парафшонии Парчами давлатӣ, ки рамзи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбад ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти асосии миллӣ буда, таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷикон, ромонҳои ҳазорсолаи ниёгон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Иштироки кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар чунин чорабинии муҳими сиёсиву фарҳангӣ далели равшани эҳтирому садоқати онҳо ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад. Зеро Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки пайвандгари наслҳо, таҷассумгари ҳастии миллат ва нишонаи шарафу номуси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Он ифодагари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, рамзи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар аст. Парчами миллӣ моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд.
Бигзор, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва ҳамчун рамзи бахту саодат, сулҳу ваҳдат ва ояндаи дурахшони миллат дар фазои озоди кишвар ҷилвагар гардад!
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан