Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парафшон бод, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол!

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва ҳувияти таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Ин рамзи муқаддас дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор аз давлату миллат, муҳаббат ба Ватан ва масъулияти ҳифзи арзишҳои миллиро бедор месозад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои зебову пурмаънои худ таърихи пурифтихор, фарҳанги қадима ва ормонҳои созандаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз эҳтиром ба арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ маънои эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дорад. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ин муқаддасоти миллиро гиромӣ дошта, дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Барои аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ Парчами давлатӣ рамзи ифтихору масъулият ва пайванди наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад. Ҳифзу ёдгориҳои таърихӣ, муаррифии фарҳангу тамаддуни бостонии халқи тоҷик ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мо ба шумор меравад. Зеро эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ду омили муҳими ҳифзу ҳувияти миллӣ мебошанд.
Ба ин муносибат, роҳбарият ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли дӯстдорони Ватани азизро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният мегӯянд.
Орзумандем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон, осмони Ватани маҳбубамон софу беғубор, сулҳу субот пойдор ва ваҳдати миллӣ ҷовидон бошад.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарафшон бод, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Scroll to Top